Закоти фитр бар ҳар мусалмоне, ки дар шабу рӯзи ид, молики як соъ маводи ғизои изофӣ аз хуроки худ ва хонаводааш бошад, воҷиб аст.
Барои закоти фитрдиҳанда лозим аст, то закоти фитри худ, ҳамсар ва касонеро, ки нафақаашон бар вай мебошад. Агар чӣ ҷанин дар шиками модараш бошад, низ бипардозад.
Ва далели воҷиб буданаш, ривояте аз Абдуллоҳ бин Умар (р) аст, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) закоти фитрро як соъ хурмо ва ё як соъ ҷав бар барда ва озод, марду зан, кӯчаку бузурги мусалмон, фарз гардонида, ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Хурмо
Ҷав
Вақти додани закоти фитр
Беҳтарин вақти додани закоти фитр, рӯзи ид аст, ки пас аз тулуъи фаҷр ва пеш аз адои намози ид, дода шавад ва тақдими он як рӯз ва ё ду рӯз қабл аз ид, низ ҷоиз аст, зеро, ки Саҳобаи киром чунин кардаанд ва таъхир карданаш то баъд аз намози ид,
ҷавоз надорад, ба далели ҳадиси зикр шуда аз Ибни Умар (р): (Ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад) ва низ дар ҳадиси Ибни Аббос (р) омадааст: (Касе, ки баъд аз намози ид, адо кунад, садақае аз садақот мебошад) [Ба ривояти Абӯдовуд].
Миқдори закоти фитр
Аз ҳар фард, як соъ аст, ки аз маводи ғизоии инсонҳо бошад, монанди биринҷ, хурмо, гандум ва ғайра,
ба далели ҳадиси Абӯсаиди Хузрӣ (р), ки фармуд: (Дар замони Расули Аллоҳ (с) дар рӯзи иди фитр, як соъе аз хурокаро медодем), ва Абӯсаид (р) дар идома фармуд: (ва хурокаи мо, ҷав, кишмиш ва қурут (кишк) [Қурут] ва хурмо буд) [Ба ривояти Бухорӣ].
2. Вусъат ва фарохист, бар масокин ва фуқаро ва мустағнӣ гардониндаи онҳост аз зиллату хории гадои ва такаддӣ дар рӯзи ид, ки рӯзи хушӣ ва фарҳат буда, то бо мардум дар ин хушӣ ва шодмонӣ, мушорикат кунанд.