Ҳар он чӣ барои хариду фурӯш ба ғарази касби фоида, муҳайё шудааст.
Молҳои тиҷоратӣ, уруз номида мешавад, зеро ки субот надорад, балки арза мешаванд ва пас аз он нобуд мешавад, зеро ки бозаргон айни ин молҳоро намехурад, балки ғаразаш фоида кардан ва суд бурдан аз нақдайн мебошад ва ба ҳамаи анвоъи амволи ғайри нақдӣ,
молҳои бозаргонӣ гуфта мешавад, монанди мошинҳо, пӯшок, матоъҳо, оҳан, чуб ва ғайра, ки барои бозаргонӣ ва тиҷорат омода шудааст.
Умуми аҳли илм ёдовар шуданд, ки мурод аз ин оят: Закоти молҳои бозаргонӣ аст ва низ ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Аз амволашон закот бигир) (Тавба 103).
Ва молҳои бозаргонӣ аз зоҳиртарин амвол мебошад, пас закот дар он воҷиб аст.
Шартҳои вуҷуби закоти молҳои тиҷоратӣ
1. Қимати он ба нисоб расида бошад ва нисоб бо таваҷҷуҳ ба қамати тилло ва нуқра, таъйин мешавад.
2. Бояд бар он як сол сипарӣ шавад.
3. Барои тиҷорат муҳайё бошад, тавре, ки ғараз аз он суду фоида бурдан бошад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Аъмол бар ниятҳо, устувор аст) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Агар нияташро аз тиҷорат ба истеъмоли он тағйир дод, мавзуъи гузашти сол бар он қатъ мешавад, агар дубора ба нияти тиҷорат баргашт, масъали ҳавлро аз ҳамин нуқтаи ҷадид оғоз мекунад,
мунқатеъ мегардад, пас агар дар моҳи Шаввол ду бора тағйир ният дод ба сӯи тиҷорат, гузашти як соли ҷадидро аз моҳи Шаввол оғоз мекунад, магар ин, ки ғарази ӯ аз ин тағйирот,
ҳила ва фиребкорӣ ба манзури соқит кардани закот буда, дар ин ҳолат мавзуъи ҳавл мунқатеъ нашуда, балки аз ҳамон моҳи Муҳаррам ҳисоб мешавад.
Чигунагии ихроҷи закоти молҳои тиҷоратӣ
Ҳар гоҳ сол сипарӣ шуд, онро муайян месозад ва молҳоеро, ки барои фуруш дорад, ба нархи рӯз дар бозор ҳисоб мекунад ва аз он ва ё аз қимати он, тибқи ниёзи мустамандон закотро ҷудо мекунад.
Дар амволе тиҷоратӣ аз сармояе, ки барои хариду фурухт ба манзури касби суд, муҳайё шуда, закот пардохт мешавад, аммо он чӣ, ки дороии собит буда, ҳангоми арзёбии куллӣ бар он закоте нест, монанди қафасҳои мағоза ва яхдонҳое,
ки барои хунуксозии мавод мебошад ва мошиҳои ҳамлу нақл ва васоили болову поён кардани борҳо ва монанди инҳо.
Молик будани нисоб
Оё моликияти нисоб дар тамоми сол аз аввал то охираш шарт мебошад ва ё ин, ки ба комил буданаш дар оғоз ва поёни сол иктифо мешавад? Ва ё ин, ки танҳо поёни сол эътибор дорад?
Комил будани нисоб дар аввал ва охири сол муътабар аст, зеро, ки арзёбии комил будани нисоб дар тамоми сол, мушкил мебошад, бинобарин аввали сол ҷиҳати мунъақид шудани сабаби вуҷуби закот ва охири сол,
ба хотири донистани сипарӣ шудани як сол, эътибор дода шуд ва барои як мусалмон осонтараст, ки моҳе чун Рамазон ва ғайраро барои оғози кораш таъйин кунад ва дар ҳамин моҳ дороии худро арзёбӣ намуда, закоташро ҳисоб кунад.
Закоти сиҳом
Таърифи сиҳом
Сиҳом
Ҷузъе аз аҷзои мутасовии сармояи ширкати саҳомист.
Мисоли он: Ширкати саҳомӣ, ки сармояион се миллион доллар аст, сармояашро дар ҳангоми ифтитоҳ ба даҳ ҳазор бахш тақсим кард, ҳар бахш (300) доллар арзиш дорад,