Барои касе, ки бар вай аломоти марг зоҳир шавад, мустаҳаб аст, ки назди вай ҳузур ёбанд ва бо гуфтани (لا إله إلا الله), тазаккур диҳанд,
ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ба мурдагони худатон, لا إله إلا الله ро талқин кунед). [Ба ривояти Муслим]
Ҳангоме, ки мурд, чашмонаш баста мешавад, бо ҷомае пӯшонда мешавад ва барои таҷҳиз ва намоз бар вай ва тадфинаш, шитоб шавад.
Ҳукми ғусли додани мурда ва таҷҳизу тадфинаш
Ғусл додани мурда ва кафан кардану бардоштан ва намози ҷаноза хондан бар вай ва ба хок супурданаш, фарзи кифои буда, агар касе, ки аз уҳдаи он баромада метавонад, анҷом дод, гуноҳ аз дигарон соқит мешавад.
Аҳкоми ғусл додани мурда
1. Барои ғусл додани мурда, касеро баргузинад, ки амин буда, аз амонату адолат бархурдор бошад ва низ ба аҳкоми ғусли мурда, огаҳӣ дошта бошад.
2. Барои ғусл додан, касе ки мурда барояш васият карда бошад, муқаддам аст, пас аз ӯ наздиконаш ба тартиб,
агар ба аҳкоми ғусл додан, огаҳӣ дошта бошанд ва агар на, касе, ки огаҳӣ ба аҳкоми ёд шуда, дорад, муқаддам мебошад.
3. Мард ғусл медиҳад ба мард ва зан ғусл медиҳад ба зан ва ҳар як аз зану шавҳар метавонад якдигарро ғусл бидиҳанд,
ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ойша (р): (Чӣ осебе ба тӯ мерасад, агар пеш аз ман бимирӣ, туро ғусл медиҳам ва кафан мекунам ва бар ту намоз хонда, сипас ба хок месупорамат). [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]
Мардону занон метавонанд, кӯдакони камтар аз ҳафт солро ғусл диҳанд ва барои мусалмон- мард бошад, ё зан- ҷоиз нест,
ки кофиреро ғусл диҳад ва ё ҷанозаашро бардорад ва ё бар вай намоз бихонад. Ҳар чанде, ки аз наздиконаш, монанди падараш бошад.
4. Шаҳиди майдони ҷанг, ғусл дода намешавад ва низ кафан карда намешавад ва ҳамчунин бар вай намози ҷаноза низ хонда намешавад, балки бо либосҳояш ба хок супурда мешавад.
5. Агар сақте- кӯдаке, ки қабл аз такмил- писар бошад, ё духтар- чаҳормоҳа бошад, ғусл дода, кафан карда мешавад ва сипас намози ҷаноза бар вай хонда мешавад, зеро ки баъд аз чаҳормоҳагӣ, ҳукми инсонро дорад.
6. Обе, ки мурдаро ғусл медиҳанд, бояд пок ва мубоҳ бошад ва дар ҷои пӯшида ғусл дода мешавад ва касоне, ки иртиботе ба ғусл додани мурда надоранд, набояд ҳузур дошта бошанд.
Васфи ғусл додани мурда
1. Мурдаро бар тахти ғусл мегӯзоранд, пас аз он авраташро мепӯшонанд, баъд аз он либосҳояшро аз танаш мекашанд ва ӯро аз анзор дар утоқе ва ё монанди он, пинҳон медоранд.
Аввал тарафи рост ва баъд тарфи чапи мурда, шуста мешавад.
Майит хушк карда мешавад.
Огоҳиҳо
- Як бор шустан, воҷиб аст, агар ба он пок шавад ва мустаҳаб се бор шустанаст, агар чӣ пок шуда бошад.
- Агар ба иллати набудани об, ғусли мурда мумкин набуд, ва ё бархе аз ҷисм сухта ва монанди он буд, бо хок таяммум дода мешавад.
- Барои касе, ки мурдаро ғусл дода, мустаҳаб аст, худаш низ пас аз он ғусл кунад.
Кафан кардани мурда
1. Суннат онаст, то мурдаро дар се порчаи пахтагии сафед кафан кунанд, ки баданаш аз он дида нашавад, тамоми баданашро бипушонад, дар он муғолот набошад.
Ва зан дар панҷ порчаи сафед, изор ва чодару пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.
Ва кӯдак дар як порча ва ё се порча низ ҷоиз аст ва духтари кӯчак дар пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.
2. Ба се қитъа аз порчаҳои кафан, бахӯр дуд карда мешавад, (ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ҳаргоҳ ба майт хушбӯии бахӯр кардед, онро тоқ бигардонед). [Ба ривояти Ибни Ҳиббон]
3. Ин порчаҳои сегона болои ҳам паҳн мешавад ва дар миёни онҳо махлуте аз хушбӯи, монанд анбар, кофӯр ва миск гузошта мешавад, магар ин, ки мурда дар ҳолати эҳром бошад,
4. Мурда рӯи ин порчаҳо ба пушт хобонида мешавад, пас аз он гушаи чапи қисмати болоро гирифта бар бахши рост паҳн кунанд, сипас гушаи ростро бар чап кунанд.
Ба ҳамин гуна порчаҳои дуввуму саввумро низ мепечанд, баъд аз он он чӣ боқӣ мемонад, ба тарафи сар мегардонанд ва бо ришта онро гиреҳ мезананд, то боз нашавад ва ба ҳангоми ба хоксупорӣ онро мегушоянд
ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Бо об ва сидр ғуслаш бидиҳед ва дар ду ҷомааш кафан кунед, махлути хушбӯии кафани мурда ба он назанед ва сарашро низ напӯшонед, зеро дар рӯзи қиёмат, талбиягӯён зинда мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ].
Порчаҳои сафед аз пахта
Гузоштани хушбӯ бар порчаҳо
Майит бар пушт гузошта мешавад
Ҳамаи бадан пӯшонида мешавад
Намози ҷаноза
Аркони намози ҷаноза
1. Қиём бо тавонои.
2. Такбироти чаҳоргона.
3. Қироати Фотиҳа.
4. Дуо барои мурда.
5. Тартиб.
6. Салом додан.
Суннатҳои намози ҷаноза
1. Аузу биллоҳ хондан қабл аз қироат.
2. Дуо барои худаш ва мусалмонон.
3. Қироат дар хафо бошад.
4. Сафҳоро бояд зиёд кунанд, тавре ки се саф ва ё бештар аз он.
то ҷанозаро бардорад ва барои касе, ки майитро дар қабр дохил мекунад, суннат аст, ки бигӯяд: (بسم الله، وعلى ملة رسول الله) [Ба ривояти Тирмизӣ]
ва мурдаро бар паҳлуи росташ, ру ба қибла дар лаҳад бигзорад, пас аз он гиреҳҳои кафанро боз кунад, баъд аз он лаҳадро бо гил бибандад.
Ва ҳамчунин барои касе, ки дар маросими дафн ҳузур дорад, суннат аст, то бо ду кафи дастонаш хок бардорад ва се бор ба қабр онро бирезад,
сипас қабро бо хок пур кунанд ва ба андозаи як ваҷаб аз замин баландаш кунанд ва болояш сангу сангреза бигзоранд ва обпошӣ кунанд.
Гузоштани сахра (санги калон) бар як ё ду тарафи қабр боке надорад, то нишоне бар он бошад.
Мушорикат дар бардоштани ҷаноза
Лаҳад
Ду кафашро бо хок пур карда дар қабр холӣ мекунад
Нишона бар болои қабр
Азодорӣ
Тасаллият додан ба хешу табори мурда мустаҳаб аст, зеро ки дар ин кор хуш сохтани хотираи онон буда, аз фишори мусибат бар онҳо мекоҳад ва онҳоро ба сабр бармеангезад.
Ва таслияту таъзият додан ба ҳар лафзе, ки ҳамон ғаразро адо кунад, саҳеҳ аст, монанди ин, ки бигӯяд: (Барои Аллоҳ аст, он чиро гирифт ва аз они ӯст он чиро ато кард ва ҳар чизе назди ӯ марги муайяне дорад). [Ба ривояти Бухорӣ] ва монанди он.
Баромадани занон бо ҷанозаҳо
Хуруҷи занон бо ҷаноза кори нодуруст мебошад, зеро, ки аз Умми Атия (р) ривоят аст, ки гуфт: (Мо аз дунболаравии ҷаноза наҳй шудаем, аз мо хоста нашудааст). [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]
3. Гиристан бар мурда бидуни ин, ки дар он ибрози сахат ва фарёд занад ва баёни хубиҳои мурда бошад, ҷоиз аст.
Он ҳазрат (с) ҳангоме, ки писарашон Иброҳим вафот намуд, фармуданд: (Чашмони мо ашк мерезад ва қалбҳои мо маҳзун аст ва чизе намегӯем, магар он чӣ Парвардигори моро хушнӯд кунад ва мо барои тӯ эй Иброҳим, ғамгин ҳастем).[Ба ривояти Бухорӣ]
4. Шаҳиди майдони ҷанг, ғусл дода намешавад ва низ кафан карда намешавад ва ҳамчунин бар вай намози ҷаноза низ хонда намешавад, балки бо ҳамон либосҳои танаш, ба хок супурда мешавад,