https://link.space/@tok99toto ladangtoto link alternatif k86toto login https://thewatchmakerproject.com/ pragmatic play https://mannawasalwa.ac.id/3/ladang-toto/ https://mannawasalwa.ac.id/3/s-mania/ https://bintangara.tabalongkab.go.id/public/klik88/ https://klik88.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://ladangtoto.sakt1.co.id/ https://manyao.djmusicvibration.com.in/ https://ww.pn-jayapura.go.id/ ladangtoto https://fa.unjani.ac.id/wp-content/pg/ slot thailand mahjong login k86sport tok99toto login ladangtoto login http://103.3.46.79/funmania/ http://103.101.52.68:8005/kaizen88/ https://link-fun77toto.threeways.id/ https://bandar-fun77toto.diansigmaglobal.id/ https://ptbm.co.id/k86toto/ https://sisfo.diskominfo.pa-malangkota.go.id/ https://ftp.fhunwiku.ac.id/ https://103.181.182.174/ https://www.forex.ntu.edu.tw/tok99/ http://nkquoc.ntt.edu.vn/ https://kgaswe.ac.bw/adm-pulsa/ https://szeus.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://ptbm.co.id/togel-hongkong/ https://sdnbeneryk.sch.id/s-88/ https://pta-bali.go.id/img/s-macau/ https://pta-bali.go.id/img/s-x500/ https://pta-bali.go.id/img/angka-jitu/ https://sdnbeneryk.sch.id/s-5k/ https://pta-bali.go.id/img/s-jepang/ http://103.3.46.79/888slot/ https://inspektorat.bondowosokab.go.id/assets/s-thailand/ https://pta-bali.go.id/img/s-taiwan/ https://fun77.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://yppdb.or.id/s-macau/ http://103.3.46.79/dana-fun77/ https://yppdb.or.id/pg-soft/ https://galvindo.co.id/fun77toto/ http://103.3.46.79/padma188/ http://103.3.46.79/gateszeus/ https://pa-sukabumi.go.id/img/fun77toto/ https://yppdb.or.id/ladang-toto/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-mahjong/ https://yppdb.or.id/ying77/ http://103.3.46.79/slot777/ http://103.3.46.79/slot88/ http://103.3.46.79/slot77/ http://103.3.46.79/dewatoto/ http://103.3.46.79/dewaslot/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-dana/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-jp/ http://103.3.46.79/hokifun/ http://103.3.46.79/gopayfun/ http://103.3.46.79/danafun/ https://yppdb.or.id/data-sydney/ https://smartech.co.id/fun77toto/ http://161.97.112.139/ https://yppdb.or.id/axiebet/ https://yppdb.or.id/s-bri/ https://yppdb.or.id/s-toto/ https://yppdb.or.id/s-jepang/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/joker-123/ https://yppdb.or.id/ladang-duit/ slot thailand http://103.3.46.79/rumah258/ http://103.3.46.79/megaforwin/ http://103.3.46.79/asia188/ http://103.3.46.79/66kbet/ http://103.3.46.79/gb777/ http://103.3.46.79/gudangtoto/ https://slot-pragmatic.pa-sawahlunto.go.id/ https://lintas-unitama.co.id/fun77toto/ https://synergylab.co.id/s-qris/ https://synergylab.co.id/s-ovo/ https://synergylab.co.id/s-gopay/ https://synergylab.co.id/s-linkaja/ https://synergylab.co.id/s-dubai/ Намози ҷаноза | Фиқҳи мусаввари ибодот


Намози ҷаноза

8965

Таҷҳизи мурда

Барои касе, ки бар вай аломоти марг зоҳир шавад, мустаҳаб аст, ки назди вай ҳузур ёбанд ва бо гуфтани (لا إله إلا الله), тазаккур диҳанд,

ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ба мурдагони худатон, لا إله إلا الله ро талқин кунед). [Ба ривояти Муслим]

Ҳангоме, ки мурд, чашмонаш баста мешавад, бо ҷомае пӯшонда мешавад ва барои таҷҳиз ва намоз бар вай ва тадфинаш, шитоб шавад.

Ҳукми ғусли додани мурда ва таҷҳизу тадфинаш

Ғусл додани мурда ва кафан кардану бардоштан ва намози ҷаноза хондан бар вай ва ба хок супурданаш, фарзи кифои буда, агар касе, ки аз уҳдаи он баромада метавонад, анҷом дод, гуноҳ аз дигарон соқит мешавад.

Аҳкоми ғусл додани мурда

1. Барои ғусл додани мурда, касеро баргузинад, ки амин буда, аз амонату адолат бархурдор бошад ва низ ба аҳкоми ғусли мурда, огаҳӣ дошта бошад.

2. Барои ғусл додан, касе ки мурда барояш васият карда бошад, муқаддам аст, пас аз ӯ наздиконаш ба тартиб,

агар ба аҳкоми ғусл додан, огаҳӣ дошта бошанд ва агар на, касе, ки огаҳӣ ба аҳкоми ёд шуда, дорад, муқаддам мебошад.

3. Мард ғусл медиҳад ба мард ва зан ғусл медиҳад ба зан ва ҳар як аз зану шавҳар метавонад якдигарро ғусл бидиҳанд,

ба далели фармудаи Набии акрам (с) ба Ойша (р): (Чӣ осебе ба тӯ мерасад, агар пеш аз ман бимирӣ, туро ғусл медиҳам ва кафан мекунам ва бар ту намоз хонда, сипас ба хок месупорамат). [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]

Мардону занон метавонанд, кӯдакони камтар аз ҳафт солро ғусл диҳанд ва барои мусалмон- мард бошад, ё зан- ҷоиз нест,

ки кофиреро ғусл диҳад ва ё ҷанозаашро бардорад ва ё бар вай намоз бихонад. Ҳар чанде, ки аз наздиконаш, монанди падараш бошад.

4. Шаҳиди майдони ҷанг, ғусл дода намешавад ва низ кафан карда намешавад ва ҳамчунин бар вай намози ҷаноза низ хонда намешавад, балки бо либосҳояш ба хок супурда мешавад.

5. Агар сақте- кӯдаке, ки қабл аз такмил- писар бошад, ё духтар- чаҳормоҳа бошад, ғусл дода, кафан карда мешавад ва сипас намози ҷаноза бар вай хонда мешавад, зеро ки баъд аз чаҳормоҳагӣ, ҳукми инсонро дорад.

6. Обе, ки мурдаро ғусл медиҳанд, бояд пок ва мубоҳ бошад ва дар ҷои пӯшида ғусл дода мешавад ва касоне, ки иртиботе ба ғусл додани мурда надоранд, набояд ҳузур дошта бошанд.

Васфи ғусл додани мурда

1. Мурдаро бар тахти ғусл мегӯзоранд, пас аз он авраташро мепӯшонанд, баъд аз он либосҳояшро аз танаш мекашанд ва ӯро аз анзор дар утоқе ва ё монанди он, пинҳон медоранд.

2. Барои ғуслдиҳанда мустаҳаб аст, ки дар ҳини ғусл додан бар дасташ порчае бипечонад.

3. Ғуслдиҳанда сари мурдаро баланд мекунад, то ба нишастан наздик шавад, пас аз он дасташро бар шиками мурда кашида, фишор медиҳад,

пас аз он шармгоҳи пасу пеши мурдаро пок мекунад ва агар дар онҳо наҷосате буд, мешӯяд.

4. Нияти ғусл намуда, бисмиллоҳ мехонад.

5. Ғуслдиҳанда мурдаро вузӯ медиҳад, монанди вузӯи намоз, магар мазмаза ва истиншоқ, ки ба даст кашидан ба даҳану бинии ӯ, иктифо мешавад.

6. Сари мурда ва риши ӯро бо оби сидр ва ё собун ва ё монанди он, мешӯяд.

7. Тарафи ростро шуста, сипас тарафи чапро мешӯяд, баъд аз он ғусли соири баданро анҷом медиҳад.

8. Мустаҳаб аст, то дар шустани охир, кофӯр бизананад.

9. Мурда хушк карда мешавад.

10. Он чӣ зоил карданаш аз мурда машрӯъ аст, монанди гирифтани нохунҳо ва мӯи зери нофу бағал, онро анҷом медиҳад.

11. Мӯи зан, гесӯ бофта шуда ва ба пушти сар андохта мешавад.

Шуянда сари мурдаро мебардорад.
Шуянда дасташро бо порчае мепечад
Мурда бар тахти шустушӯ гузошта мешавад
Шӯянда, бар шиками майт бо дасташ, фишор медиҳад
Мурда вузӯ дода мешавад, монанди вузӯи намоз.
Сару риши майт бо бо об ва сидр, шуста мешавад.
Аввал тарафи рост ва баъд тарфи чапи мурда, шуста мешавад.
Майит хушк карда мешавад.

Огоҳиҳо

- Як бор шустан, воҷиб аст, агар ба он пок шавад ва мустаҳаб се бор шустанаст, агар чӣ пок шуда бошад.

- Агар ба иллати набудани об, ғусли мурда мумкин набуд, ва ё бархе аз ҷисм сухта ва монанди он буд, бо хок таяммум дода мешавад.

- Барои касе, ки мурдаро ғусл дода, мустаҳаб аст, худаш низ пас аз он ғусл кунад.

Кафан кардани мурда

1. Суннат онаст, то мурдаро дар се порчаи пахтагии сафед кафан кунанд, ки баданаш аз он дида нашавад, тамоми баданашро бипушонад, дар он муғолот набошад.

Ва зан дар панҷ порчаи сафед, изор ва чодару пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.

Ва кӯдак дар як порча ва ё се порча низ ҷоиз аст ва духтари кӯчак дар пироҳан ва ду лифофа, кафан карда мешавад.

2. Ба се қитъа аз порчаҳои кафан, бахӯр дуд карда мешавад, (ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ҳаргоҳ ба майт хушбӯии бахӯр кардед, онро тоқ бигардонед). [Ба ривояти Ибни Ҳиббон]

3. Ин порчаҳои сегона болои ҳам паҳн мешавад ва дар миёни онҳо махлуте аз хушбӯи, монанд анбар, кофӯр ва миск гузошта мешавад, магар ин, ки мурда дар ҳолати эҳром бошад,

ба кафанаш бахур ва ё хушбӯии дигар зада намешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Ба хушбӯи тамосаш надиҳед). [Ба ривояти Бухорӣ]

4. Мурда рӯи ин порчаҳо ба пушт хобонида мешавад, пас аз он гушаи чапи қисмати болоро гирифта бар бахши рост паҳн кунанд, сипас гушаи ростро бар чап кунанд.

Ба ҳамин гуна порчаҳои дуввуму саввумро низ мепечанд, баъд аз он он чӣ боқӣ мемонад, ба тарафи сар мегардонанд ва бо ришта онро гиреҳ мезананд, то боз нашавад ва ба ҳангоми ба хоксупорӣ онро мегушоянд

5. Пӯшонидани ҳамаи бадан дар кафан, воҷиб аст, магар ин, ки ҷуз порчаи кӯтоҳе дар дастрас набошад,

пас онро ба сӯи сараш паҳн кунанд ва тарафи пойҳояшро бо наботи хушбӯе ба номи азхар мепӯшонанд,

ба далели гуфтаи ҷаноб дар достони кафан кардани Мусъаб бин Умайр (р): (Набии акрам (с) ба мо амр карданд, ки сарашро бипӯшонем ва бар пойҳояш аз наботи азхар бигзорем) [Ба ривояти Бухорӣ].

6. Касе, ки дар ҳолати эҳром бимирад, дар ҳамон ду ҷомаи эҳромаш, кафан карда мешавад ва сари марди муҳрим пӯшонида намешавад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Бо об ва сидр ғуслаш бидиҳед ва дар ду ҷомааш кафан кунед, махлути хушбӯии кафани мурда ба он назанед ва сарашро низ напӯшонед, зеро дар рӯзи қиёмат, талбиягӯён зинда мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Порчаҳои сафед аз пахта
Гузоштани хушбӯ бар порчаҳо
Майит бар пушт гузошта мешавад
Ҳамаи бадан пӯшонида мешавад

Намози ҷаноза

Аркони намози ҷаноза

1. Қиём бо тавонои.

2. Такбироти чаҳоргона.

3. Қироати Фотиҳа.

4. Дуо барои мурда.

5. Тартиб.

6. Салом додан.

Суннатҳои намози ҷаноза

1. Аузу биллоҳ хондан қабл аз қироат.

2. Дуо барои худаш ва мусалмонон.

3. Қироат дар хафо бошад.

4. Сафҳоро бояд зиёд кунанд, тавре ки се саф ва ё бештар аз он.

Васфи намози ҷаноза

Имом дар баробари синаи майит агар мард бошад, ё зан меистад.

Муқтадиён аз пушти имом меистанд, монанди истодан ба соири намозҳо, пас аз он чаҳор такбир гуфта мешавад, бо ҷузиёти зер:

1. Такбири аввалро мегӯяд, ки такбири таҳрима аст ва пас аз он (سبحانك اللهم...) бихонад ва назди баъзе имомон, Фотиҳаро бихонад.

2. Такбири дуввумро мегӯяд ва бар Набии акрам (с) дуруд мефиристад, ҳамонгуна, ки дар намоз дар ташаҳҳуди охир мехонад.

3. Такбири саввумро гуфта, барои майит ва худаш ва мусалмонон дуо мекунад ва аз ҷумла:

(اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِحَيِّنَا وَمَيِّتِنَا، وَصَغِيرِنَا وَكَبِيرِنَا، وَذَكَرِنَا وَأُنْثَانَا، وَشَاهِدِنَا وَغَائِبِنَا، اللَّهُمَّ مَنْ أَحْيَيْتَهُ مِنَّا فَأَحْيِهِ عَلَى الْإِيمَانِ، وَمَنْ تَوَفَّيْتَهُ مِنَّا فَتَوَفَّهُ عَلَى الْإِسْلَامِ، اللَّهُمَّ لَا تَحْرِمْنَا أَجْرَهُ، وَلَا تُضِلَّنَا بَعْدَهُ ) [Ба ривояти Абӯдовуд]

Ва ё ин дуоро мехонад: (اللَّهُمَّ اغْفِرْ لَهُ وَارْحَمْهُ، وَعَافِهِ وَاعْفُ عَنْهُ، وَأَكْرِمْ نُزُلَهُ، وَوَسِّعْ مُدْخَلَهُ، وَاغْسِلْهُ بالْمَاءِ وَالثَّلْجِ وَالْبَرَدِ، وَنَقِّهِ مِنَ الْخَطَايَا كَمَا نَقَّيْتَ الثَّوْبَ الْأَبْيضَ مِنَ الدَّنَسِ، وَأَبْدِلْهُ دَارًا خَيْرًا مِنْ دَارِهِ، وَأَهْلًا خَيْرًا مِنْ أَهْلِهِ، وَزَوْجًا خَيْرًا مِنْ زَوْجِهِ، وَأَدْخِلْهُ الْجَنَّةَ وَأعِذْهُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ، أَوْ مِنْ عَذَابِ النَّارِ) [Ба ривояти Муслим]

Ва агар мурда зан буд, замирро дар дуо муаннас мегардонад.

Ва агар мурда кӯдак ва ё сақт бошад, чунин гӯяд:

( وأجراً، وشفيعاً مجاباً ، [ Собиқ ва мутақаддим: اللهم اجعله ذخراً لوالديه، وفَرَطاً [ الفرط)[Ба ривояти Бухорӣ]

4. Такбири чаҳорумро гуфта, баъд аз он андаке сукут мекунад ва пас аз он як бор салом медиҳад ба тарафи росташ ва ё ду бор салом медиҳад.

Бардоштани мурда ва ташеъ ва хок супоридани ӯ

Ҳаргоҳ намоз бар майит поён ёфт, суннат аст, ки ба қабраш бибаранд ва барои касе, ки ба дунболи ҷаноза меравад, суннат аст,

то ҷанозаро бардорад ва барои касе, ки майитро дар қабр дохил мекунад, суннат аст, ки бигӯяд: (بسم الله، وعلى ملة رسول الله) [Ба ривояти Тирмизӣ]

ва мурдаро бар паҳлуи росташ, ру ба қибла дар лаҳад бигзорад, пас аз он гиреҳҳои кафанро боз кунад, баъд аз он лаҳадро бо гил бибандад.

Ва ҳамчунин барои касе, ки дар маросими дафн ҳузур дорад, суннат аст, то бо ду кафи дастонаш хок бардорад ва се бор ба қабр онро бирезад,

сипас қабро бо хок пур кунанд ва ба андозаи як ваҷаб аз замин баландаш кунанд ва болояш сангу сангреза бигзоранд ва обпошӣ кунанд.

Гузоштани сахра (санги калон) бар як ё ду тарафи қабр боке надорад, то нишоне бар он бошад.

Мушорикат дар бардоштани ҷаноза
Лаҳад
Ду кафашро бо хок пур карда дар қабр холӣ мекунад
Нишона бар болои қабр

Азодорӣ

Тасаллият додан ба хешу табори мурда мустаҳаб аст, зеро ки дар ин кор хуш сохтани хотираи онон буда, аз фишори мусибат бар онҳо мекоҳад ва онҳоро ба сабр бармеангезад.

Ва таслияту таъзият додан ба ҳар лафзе, ки ҳамон ғаразро адо кунад, саҳеҳ аст, монанди ин, ки бигӯяд: (Барои Аллоҳ аст, он чиро гирифт ва аз они ӯст он чиро ато кард ва ҳар чизе назди ӯ марги муайяне дорад). [Ба ривояти Бухорӣ] ва монанди он.

Баромадани занон бо ҷанозаҳо
Хуруҷи занон бо ҷаноза кори нодуруст мебошад, зеро, ки аз Умми Атия (р) ривоят аст, ки гуфт: (Мо аз дунболаравии ҷаноза наҳй шудаем, аз мо хоста нашудааст). [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]

Зиёрати гӯристон

Зиёрати гӯристон барои мардон суннат аст, ба ғарази ибратгирӣ ва дуо кардан барои мурдагон, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ карда будам, пас зиёрати қабрҳо биравед, зеро, ки охиратро ба хотир меоварад). [Ба ривояти Муслим]

Аз дуоҳое, ки барои зиёрати қабрҳо ривоят шуда: (السلام عليكم دار قوم مؤمنين، وإِنا إِن شاء الله بكم لاحقون) [Ба ривояти Муслим].

Ва ё: (السلام على أهل الديار من المؤمنين والمسلمين، ويرحم الله المستقدمين منا والمستأخرين، وإِنا إِن شاء الله بكم للاحقون) [Ба ривояти Муслим].

(أسأل الله لنا ولكم العافية). [Ба ривояти Муслим]

Ва агар барои мурдагон дуои талаби раҳмат ва мағфират кунад, низ ҷавоз дорад.

Зиёрати гӯристон дар ид
Тахсиси зиёрати қабрҳо дар рӯзи ид, бар ин ақида, ки чунин коре машрӯъ буда, бидъат мебошад, ба далели ин, ки аз Набии акрам (с) чунин чизе ривоят нашудааст.

Мамнуоти ҷаноза

1. Фарёду фиғон кардан ва изҳори нола ва инзиҷор нисбат ба қазо ва қадари Илоҳӣ.

Он ҳазрат (с) фармуданд: (Агар зани навҳагар қабл аз маргаш тавба накунад, дар рӯзи қиёмат бо либосе, ки аз мис духта шудааст , бар мехезад). [Ба ривояти Муслим]

2. Пора кардани либос ва бар рӯй задан ва фарёд кашидан ва мӯи сар кандан ва ё тарошидан.

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Аз мо нест, касе, ки бар рӯи худ мезанад ва ё гиребон пора мекунад ва ё ба дуои ҷоҳилият даъват мекунад). [Ба ривояти Муслим]

3. Равшан кардани қабрҳо.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) лаънат кардааст, занонеро, ки ба зиёрати қабрҳо мераванд ва низ касоне, ки қабрҳоро масҷид мегиранд ва ба қабрҳо чароғ меовезанд). [Ба ривояти Тирмизӣ]

Равшан сохтан ва ранг кардани қабрҳо ҷоиз нест

4. Нишастан бар қабрҳо ва ё ранг кардани онҳо ва бино сохтан бар онҳо.

Аз Ҷобир (р) ривоят аст, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) наҳй карданд аз ин, ки қабрҳо каҷкорӣ шавад ва ё ин, ки бар онҳо бинишинанд ва ё ин, ки болои қабрҳо бино карда шавад). [Ба ривояти Муслим]

5. Табаррук ҷӯстан аз қабр ва тавоф кардан ба гирди он ва аз мурдагон чизе хостан

пас ин корҳо аз ширкиёт буда, агар ба ин ақида шуд, ки онҳо метавонанд нафъу зарар бирасонанд, зеро ки ба ҷуз Худованд каси дигаре нафъу зарар расонида наметавонад.

Худованди мутаъол фармуд: (Бигӯ, барои худ молики нафъу зарар нестам, магар он чиро, ки Аллоҳ бихоҳад) (Аъроф 188)

Гирди қабр тавоф ҷоиз нест

6. Гур кардан дар масҷид ва ё бар сари қабр масҷид бино кардан ва ё ба сӯи қабр намоз хондан.

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Аллоҳи мутаъол Яҳуд ва Насороро, ки қабрҳои Анбиёашоро масҷид гардониданд, лаънат кардааст). [Ба ривояти Бухорӣ]

Аз аҳкоми ҷаноза

1. Касе, ки намози ҷаноза аз ӯ фавт шуд, метавонад бар сари қабр, қабл аз дафнаш ва ё баъд аз дафнаш, намози ҷаноза бихонад, чунон чӣ аз Набии акрам (с) собит шуда,

ки дар достони зане, ки масҷидро пок мекард, он ҳазрат (с) бар қабри он зан намози ҷаноза хонданд. [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Мустаҳаб онаст, ки барои аҳли мурда таъоме омода шавад, зеро мусибате, ки расид онҳоро аз таҳияи таъом ба худ машғул намудааст.

Ҳамчуноне, ки ривоят шуда, дар миёни Оли Ҷаъфар касе мурда, Набии акрам (с) фармуданд: (Барои Оли Ҷаъфар таъоме таҳия кунед, зеро барои онҳо, чизе пайдо шуда, ки ба он машғул шудаанд) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Омода сохтани таом барои хонадони майит

3. Гиристан бар мурда бидуни ин, ки дар он ибрози сахат ва фарёд занад ва баёни хубиҳои мурда бошад, ҷоиз аст.

Он ҳазрат (с) ҳангоме, ки писарашон Иброҳим вафот намуд, фармуданд: (Чашмони мо ашк мерезад ва қалбҳои мо маҳзун аст ва чизе намегӯем, магар он чӣ Парвардигори моро хушнӯд кунад ва мо барои тӯ эй Иброҳим, ғамгин ҳастем).[Ба ривояти Бухорӣ]

4. Шаҳиди майдони ҷанг, ғусл дода намешавад ва низ кафан карда намешавад ва ҳамчунин бар вай намози ҷаноза низ хонда намешавад, балки бо ҳамон либосҳои танаш, ба хок супурда мешавад,

ба далели он чӣ собит шуда, (Набии акрам (с) амр карданд, ки шуҳадои Уҳуд ба ҳамон хунҳояшон бидуни ин, ки ғусл дода шаванд, дафн шаванд.) [Ба ривояти Бухорӣ]

Шаҳид дар либосҳояш дафн мешавад

5. Касе, ки дар ҳолати эҳром бимирад, дар ҳамон ду ҷомаи эҳромаш, кафан мешавад ва сари марди муҳрим пушонида намешавад,

ба далели он чӣ собит шуда, он ҳазрат (с) дар мавриди марди муҳрим ба ҳаҷ, ки вафот намуд, фармуданд: (Бо обу сидр ғуслаш бидиҳед ва дар ҷомааш кафан кунед, махлути хушбӯии кафани мурда, ба он назанед ва сарашро низ напӯшонед, зеро ки дар рӯзи қиёмат, талбиягӯён зинда мешавад). [Ба ривояти Бухорӣ]



Tags: