Бар бемор лозим аст, то намозро ба қадри тавонаш адо кунад, агар монанди инсони тандуруст, тавони адои онро дошт, бояд ба ҳамон гуна, бихонад, агар тавони онро надошт, пас ба қадри тавонаш мавриди бозхост мебошад.
Бинобарин агар бемор тавони қиёмро дошта бошад, воҷиб аст, ки истода бихонад, агар тавони истоданро надошт, намозашро нишаста бихонад, агар тавони нишастро низ надошт, бар паҳлӯ рӯ ба қибла бихонад, агар ба паҳлу низ қодир набуд,
бар пӯшт бихонад ва пойҳояшро ба сӯи қибла дароз кунад, агар ин ҳам барояш осон набуд, ба ҳар гунае, ки барояш мумкин буд,
намоз бихонад ва далелаш ҳам фармудаи Худованд: (Аз Аллоҳи мутаъол ба қадри тавон битарсед) [التغابن:16] мебошад.
Ва низ фармудаи он ҳазрат (с) ба Имрон бин Ҳусайн (р): (намоз бихон истода, агар натавонистӣ, нишаста бихон, агар натавонистӣ, бар паҳлӯ бихон). [Ба ривояти Бухорӣ]
Аз аҳкоми намози бемор
1. Агар бемор нишаста намоз хонад ва тавони саҷдаро дошт, бар вай саҷда кардан воҷиб аст.
2. Агар бемор нишаста намоз хонад ва аз саҷда кардан оҷиз бувад, пас бояд бо баданаш бо рукуъу саҷда ишора мекунад ва саҷдааш поёнтар аз рукуъаш мебошад,
агар ишора бо бадан мушкил бувад, бо сараш ишора мекунад, ҳамчунин, агар бар пушт хобида намоз хонад, бо сари худ ишора мекунад.
3. Агар барои бемор, вузӯ кардан дар ҳар намоз мушкил бувад, ва ё хондани намозҳо дар вақтҳояш машақатбор бувад, метавонад ҷамъ байни ду намози зуҳру аср ва байни мағрибу ишо,
дар вақти аввал ва ё дуввумӣ, бар пояе, ин, ки кадом як барояш муносибтар аст, бикунад.
аз он ҷумла ривояти Муоз (р) аст, ки мегӯяд: (Бо Набии акрам ба ғазваи Табук баромадем, он ҳазрат (с) намозҳои зуҳру ишоро низ бо ҳам ҷамъ мекард) [Ба ривояти Муслим].
Агар дар вақти намози аввал ҷамъи тақдим ва агар дар вақти намози дуввумӣ буд, ҷамъи таъхир мебошад.
3. Лозим нест, ки ҷамъу қаср бо ҳам анҷом шавад. Гоҳо ҷамъу қаср бо ҳам мебошанд ва гоҳе ҷамъ мешавад, вале қаср намебошад.
Намози мусофир дар афтобус
1. Агар нафлӣ бошад:
Намозаш дуруст аст, бо узр ва ё бидуни узр бошад, ба далели он чӣ, ки собит шуда, (Расули Худо (с) савор бар маркабашон ба ҳар сӯе, ки раҳсипор буд, нафл мехонданд). [Ба ривояти Бухорӣ]
2. Агар фарзӣ буд:
Намоз дуруст аст, агар тавони пиёда шудан барои намоз хондан дар заминро надошта бошад, ё ин, ки агар пиёда шуд, аз савор шудан оҷиз аст ва ё бар ҷонаш аз душмани бим дорад ва ё монанди он, дорои чандин ҳолат аст, ки аз ҷумла:
- Якум: Тавони рӯ ба қибла шуданро дорад ва низ рукуъ ва саҷдаро метавонад, анҷом диҳад, монанди ин, ки дар киштӣ бошад,
бар вай лозим аст, то намозро ба ҳамон гунаи одӣ адо кунад, зеро, ки тавони онро дорад.
- Дуввум: Тавони рӯ ба қибл шуданро дорад, вале тавоноии рукуъ ва саҷдаро надорад, бар вай лозим аст,
ки дар ҳангоми такбири таҳрима рӯ ба қибла бошад, пас аз он тибқи таваҷҷӯҳи афтобус ба ҳар сӯ намоз мехонад ва барои рукуъ ва саҷда ишора мекунад.
3. Намози хавф
Намози хавф дар кушту хуне, ки мубоҳ бошад, машрӯъ аст, чӣ дар иқомат бошад ва ё чӣ дар сафар ва далели машрӯъияташ аз Қуръон ва Суннат аст:
1. Аз Қуръон фамудаи Худованд: (Ва агар дар миёни онҳо будӣ ва бар эшон намоз барпо кардӣ, бояд гурӯҳе аз онҳо бо ту биистанд ва силоҳҳояшонро бо худ бигиранд, ҳангоме, ки саҷда карданд, дар пушти шумо бошанд ва гуруҳи дигаре, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, эҳтиёт кунанд ва силоҳҳояшонро бо худ бигиранд) [Нисо 102]
2. Ва аз суннат: феъли Расули Аллоҳ (с) аст, тавре, ки бо ёронаш намози хавф хондаанд ва низ асҳоби он ҳазрат (с) баъд аз эшон низ, хонданд.
Васфи намози хавф
Хавф бар теъдоди ракаъот, таъсире надорад. Агар дар ҳоли иқомат бошад, ба ҳамон шакли иқомат хонда мешавад ва агар дар сафар бошад,
қаср хонда мешавад, вале ихтилоф дар васфи он мебошад ва дар васфи он ашколи мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо ҷоиз аст.
Ва хавфе, ки муҷиби ин гуна намоз мешавад, аз ду ҳолат холӣ нест:
Ҳолати аввал: Ҳолати хавфи ҳамлаи душман:
Намоз ба ҳар шакле аз ашколе, ки аз Набии акрам (с) ривоят шуда, хонда мешавад, ки машҳуртарини он дар ҳадиси Саҳл бин Абӯҳасма (р) чунин омада аст: