Фидя ва ҳадй

Фидя ва ҳадй

Якум: Фидя

Таърифи Фидя

Фидя

Он чӣ бар ҳоҷӣ ва ё умракунанда ба сабаби тарки воҷиб ва ё анҷоми феъли мамнӯъ, воҷиб мешавад.

Якум: Фидяи тарки воҷиб

Касе, ки воҷибе аз воҷиботи Ҳаҷ ва ё Умраро тарк кард, монанди касе, ки сипарӣ нумудани шаб дар Муздалифа ва ё тарошидани муйисар ва ғайраро тарк кунад, бар ӯ фидя лозим аст,

яъне дам ва дам иборат аз мушорикат дар забҳи ҳафтум ҳиссаи будна (яъне шутури мода ва ё нар) ав ё ҳафтум ҳиссаи гов ва ё бузе, ки яксола ва гусфанде, ки шашмоҳаро такмил карда бошад,

дар Ҳарами Маккӣ шариф дар маҳдудаи шаҳри Макка забҳ карда, ба фуқарои Макка тавзеъ кунад.

Агар тавони онро надошт, даҳ рӯз, рӯза бигирад, се рӯз дар Ҳаҷ- агар барояш мумкин буд- ва ҳафт рӯзи дигар замоне, ки ба хонааш бармегардад.

Аллоҳи мутаъол фармудааст: ((Пас касе, ки надошт, се рӯз дар аёми Ҳаҷ ва ҳафт рӯз замоне, ки ба хонаводаатон баргаштед, рӯза бигиред, ин даҳ рӯзи комил барои касест, ки хонаводааш муқими Масҷиди Ҳаром набошад ва аз Аллоҳи мутаъол битарсед, ва бидонед, ки Аллоҳ сахт азобкунанда мебошад)) (Бақара 196).

Дуввум: Фидяи феъли мамнуъ

1. Фидяи пушидани либоси духташуда ва пӯшондани сар ва хушбӯи задан ва тарошидани сар ва кӯтоҳ кардани нохунҳо.

Дар ин ҳолатҳо миёни се чиз мухтор аст:

Якум: Се рӯз рӯза.

Дуввум: Шаш мискинро таъом бидиҳад, барои ҳар мискин, ним соъ ғизои биринҷ ва монанди он бидиҳад.

Саввум: Забҳи гусфанд.

Ва далели он фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ва сарҳоятонро натарошед, то замоне, ки ҳадй ба ҷояш бирасад, пас касе, ки аз шумо бемор буд ва ё аз сараш азият мешуд, пас фидяе аз рӯза гирифтан ва ё садақа додан ва ё сабҳ аст)) (Бақара 196)

ва низ фармудаи Набии акрам (с) ба Каъб бин Уҷра (р) аст, ки муҳрим буд: ((Оё ҳашарот саратро азият мекунад?)), гуфт: Оре! Набии акрам (с) барояш фармуданд: ((Саратро битарош, пас аз он гусфанде ба унвони нусук, забҳ кун ва ё се рӯз рӯза бигир ва ё се соъе аз хурморо ба шаш мискин таъом бидеҳ)). [Ба ривояти Муслим]

Касе, ки феъли мамнуъе аз мануъоти панҷгонаи ёдшударо қасдан муртакиб шавад ва ё ба анҷомаш ниёд дошт, монанди ҳолате, ки барои Каъб (р) пеш омад, пас бояд фидя бидиҳад, ки фидяи азо номида шудааст.

Ва касе, ки ба фаромӯшӣ муртакиби феъле аз ин мамнуъот шуд, бар вай чизе нест.

2. Фидяи омезиши ҷинсӣ да гайри шарбгоҳ ва омезишу ҳамбистарии комил дар Ҳаҷ пас за таҳаллули аввал.

Монанди фидяи азо ки тазаккур дода шуд.

3.Фидяи омезиш ва ҳамбистарии комил дар Ҳаҷ қабл аз таҳаллуи аввал.

Ва он забҳи шутур аст, агар тавони онро надошт, даҳ рӯз, рӯза бигирад, се рӯз дар Ҳаҷ- агар барояш мумкин буд- ва ҳафт рӯзи дигар, замоне, ки ба хонаводааш бармегардад ва ҳаҷҷи ӯ фосид шуда, бар вай итмомаш воҷиб мегардад ва дар соли оянда бояд қазоии онро низ адо кунад.

4. Фидяи ҷимоъ дар Умра.

Забҳи гӯсфанд аст ва низ умрааш фосид шуда ва бояд қазоии онро адо кунад.

5. Фидяи кӯштани сайд.

Агар сайд аз навъе бошад, ки монанду мисл дошта бошад, пас мухтор аст, то мисли онро бидиҳад ва ё бо пул муодили қимати он, ғизо бихарад ва онро тавзеъ кунад, тавре барои ҳар мискин ба миқдори ду муд бидиҳад ва ё дар баробари ҳар ду муд, як рӯз, рӯза бигирад.

Ва мақсуд аз сайде, ки дорои шабеҳ аст, инаст ки дар бархе чизҳои шабоҳат дошта бошад, на шабоҳати комил, зеро ки чунин чизе номумкин мебошад.

Мисоли он: Агар шутурмурғеро шикор кард, барояш воҷиб аст, то шутуре фидя бидиҳад, зеро бо шутур шабоҳати зиёде дорад ва ё ин, ки онро нарх карда, қимати онро маводи ғизои монанди биринҷ ва ё гандум харида,

барои ҳар мискин ба миқдори ду муд бидиҳад ва ё дар муқобили ҳар ду муд, як рӯз, рӯза бигирад ва агар хари ваҳширо шикор кард, дар муқобили он гове забҳ кунад ва ҳамин тавр.

Ва агар сайд шабеҳе аз ҳайвонот набуд, монанди малах ва гунҷишк дар ҳолати миёни ин, ки бо баҳои он маводи ғизои харида ба масокин тавзеъ кунад, ва ё дар баробари ҳар ду муд, як рӯз рӯза бигирад ва ду нафар аз соҳибони таҷриба, ки адолат дошта бошанд, баҳои онро тахмин мекунанд.

- Вақти фидя:

Фидя замоне воҷиб мешавад, ки асбобаш фароҳам шавад, пас агар фидя аз иртикоби мамнӯъ бошад, дар вақти иртикоби он воҷиб мешавад ва агар барои тарки воҷиб бошад, пас замони тарки воҷиб фидя воҷиб мегардад.

Дуввум: Ҳадй

Таърифи Ҳадй

Ҳадй

Чаҳорпоёне, ки барои Ҳарами шариф эҳдо мешавад.

Гусфанд
Шутур

Анвоъи Ҳадй

1. Ҳадйи Таматтуъ ва Қирон

Бар ҳоҷии мутаматтеъ ва қорин ҳадй додан, воҷиб аст ва он: гусфанд ва ё ҳафт ҳиссаи шутур ва ё гов.

Агар надошт, даҳ рӯз, рӯза бигирад, сер рӯз дар Ҳаҷ ва ҳафт рӯз замоне, ки ба хонааш мегардад.

Ин ҳукм барои касе, ки аз аҳли Маккаи Мукаррама набошад, агар аз аҳли Маккаи Мукаррама буд, бар вай ҳадй ва рӯза нест,

ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Пас касе, ки бо Умра ба Ҳаҷ таматтуъ кард, бар вай аст ҳадйе, ки муяссар бошад, пас касе, ки надошт, се рӯз дар Ҳаҷ рӯза бигиред ва ҳафт рӯз замоне, ки ба хонаатон баргаштед, ин даҳ рӯзи комил аст, барои касе, ки хонаводааш муқими Масҷиди Ҳаром набошад)) (Бақара 196).

2. Ҳадйи нафлӣ

Он чиро, ки ҳоҷии муфрад ва ё умракунандаи нафлӣ ва ё Мутаматтеъ ва Қорин ва ё ғайр аз Муҳрим, ҳайвонеро ба унвони ҳадй барои забҳ ва тақарруб ба Аллоҳи мутаъол ба Маккаи Мукаррама мефиристад.

Ва дар ҳадйи нафлӣ ва Таматтуъ ва Қирон: Барои соҳибаш ҷоиз аст, ки аз гушти он бихурад, балки мустаҳаб аст, аз гушти ҳадйи нафлӣ бихурад,

ба далели феъли Набии акрам (с): ((Расули Аллоҳ (с) амр фармуданд, то аз ҳар шутуре, қитъаи онро пухта кунанд ва аз шурбои он нӯшиданд)). [Ба ривояти Тирмизӣ]

3. Ҳадйи эҳсор

Эҳсор, яъне мамонеъат аз итмоми Ҳаҷ ва ё Умра ва ё ҳар ду бо ҳам.

Пас касе, ки ба Ҳаҷ ва ё Умра эҳром баст ва душмане монеъи вурудаш ба Байтуллоҳ шуд ва ё ҳодисае барояш иттифоқ афтод ва натавонист ба Байтуллоҳ бирасад,

пас дар ин ҳолат ҳадйро забҳ мекунад ва аз эҳромаш берӯн мешавад ба ҳолати таҳаллум мерасад,

ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Пас агар мамонеъат карда шудед, ҳадйе, ки муяссар буд- забҳ кунед ва аз эҳром бароед-)) (Бақара 196).

Макони забҳи Ҳадй

Ҳадйи таматтуъ, қирон ва нафлӣ, дар дохили марзҳои ҳарами Маккӣ бояд забҳ шавад ва барои масокини Макка тавзеъ гардад. Агар дар хориҷи марзҳои ҳарами Маккӣзабҳ кард, дуруст нест.

Ва ҳадйи эҳсорро дар ҳамон мавзеъ ва маконе, ки мамонеъат шуда, забҳ мекунад.

Вақти забҳи Ҳадй

1. Ҳадйи Таматуъ ва Қирону нафлӣ

Вақташ баъд аз намози иди рӯзи қурбон оғоз мешавад ва то ғуруби офтоби охирин рӯзҳои Қурбон, ки рӯзи дувоздаҳум назди Аҳноф ва рӯзи сездаҳум назди ҷумҳури уламо, идома дорад.

2. Ҳадйи эҳсор

Вақти он назди эҳсор.

Аз аҳкоми ҳадй ва қурбонӣ

Барои ҳоҷӣ агар қорин ва ё мутаматеъ бошад, ҷавоз дорад то касеро барои забҳи ҳадйи худ, вакил бигирад, агар вакил муътамад ва амонаткор бошад, вале беҳтар онаст, ки худаш ин корро анҷом диҳад, ба далели феъли Набии акрам (с).

Фидяи аз қурбонӣ кифоят намекунад, зеро ки фидя барои таматтуъ аст ва қурбонӣ суннат аст, бори ҳоҷӣ ва ғайр он.



Tags: