Мусалмонон ду ид доранд: иди Фитр, ки пас аз моҳи Рамазон аст ва иди Азҳо, ки пас аз рӯзи Арафа мебошад ва Аллоҳи мутаъол ба ивази идҳои ҷоҳилият ва ҳар иди ҷадид, ин ду идро ба мо ато намудааст.
Аз Анас бин Молик (р) ривоят аст, ки гуфт: Барои аҳли ҷоҳилият дар сол, ду рӯзе буд, ки дар он бозӣ мекарданд, замоне,
ки Набии акрам (с) вориди Мадина шуданд, фармуданд: (Барои шумо ду рӯзе буд, дар он бозӣ мекардед, Аллоҳи мутаъол онро бо ду рӯзи беҳтар аз он табдил кард: рӯзи Фитр ва рӯзи Азҳо) [Ба ривояти Насои].
Ҷашнгирӣ ва мушорикат дар идҳои кофирон ҷоиз нест, зеро ки чунин коре ибрози аломоти ҳар дин ва ибрози шароеъ ва минҳоҷаш мебошад.
Худованди мутаъол мефармояд: (Пайравии ҳаво ва ҳавас онҳоро ба ивази он чӣ аз ҳак омада, макун, барои ҳар яке аз шумо шариат ва минҳоҷе гардонидем). (Моида 48)
Ид дар Ислом, миёни ибодод ва изҳори хӯшӣ ва суруру тановули тайибот ва мубоҳот, ҷамъ мекунад.
Бинобарин ин рӯзҳо, рӯзҳои хӯшӣ ва суруру хундан ва нӯшидан буда, ки дар онҳо кори мункаре, ки бо арзишҳои Исломӣ ва одобаш муғоират дошта бошад,
ҷавоз надорад, монанди гирдиҳамои мардону занон ва ё қазо кардани намозҳо, нӯшидани он чӣ ҳаром шуда ва ё бозӣ бо он чӣ Аллоҳи мутаъол ҳаром намуда ва ё муҳаррамоти дигаре монанди онҳо.
2. Набии акрам (с) ба он амр фармудаанд, ҳатто ба занон низ амр кардаанд, ки ба намози ид бираванд, чунон чӣ Умми Атия (р) мегӯяд: (Расули Аллоҳ (с) ба мо амр карданд, ки дар иди Фитр ва Азҳо, духтарони навҷавон ва занони ҳоиз ва канизакони бокира ро бирун барем, аммо занони ҳоиз аз намоз дурӣ меҷӯянд ва ба даъвати мусалмонон ширкат намуда, аз хайри он, баҳра мебаранд). [Ба ривояти Бухорӣ]
Васфи намози идайн
Намози ид ду ракаъат бидуни азон ва бидуни иқомат аст, ки қироат дар онҳо ба ҷаҳр мебошад. Васфи он азин қарор аст:
1. Дар ракаъати аввал баъд аз такбири таҳрима ва истифтоҳ ва қабл аз аузу биллоҳ гуфтан ва қироат кардан, се бор такбир мегӯяд.
2. Аузу биллоҳ ва бисмиллоҳ гуфта ба қироати сураи Фотиҳа ва сураи дигаре баъда аз он оғоз мекунад ва суннат онаст, ки дар ду ракаъат баъд аз сураи Фотиҳа,
сураи (Аъло) ро дар ракаъати аввал ва сураи (Ғошия) ро дар ракаъати дуввум ва ё ин, ки дар авввал сураи (Қоф) ва дар дуввум сураи (Қамар) ро бихонад.
3. Дар ракаъати дуввум баъд аз такбири интиқол, се бор такбир гуфта ва дастонашро бо ҳар такбир, баланд мекунад.
5. Ҳаргоҳ салом диҳад, ба минбар боло шуда, пас ду хутба диҳад ва миёни он ду андаке бишинад. Хутбаи аввалро бо нуҳ бор такбир ва хутбаи дуввумро бо ҳафт бор такбир, оғоз мекунад.
1. Нафл хондан қабл аз намози ид ва баъд аз он дар намозгоҳ, макруҳ аст, магар ин, ки намози ид дар масҷид хонда шавад, пас таҳияи масҷид пас аз дохил шудан ба масҷид хонда шавад.
2. Барои касе, ки намози ид ва ё баъзе он аз вай фавт шуд, суннат аст: адои он бар ҳамон васфе, ки омадааст, тавре, ки ду ракаъат намоз бо такбироташ ва он чӣ аз вай фавт шуда, итмомаш кунад, ба ҳамон васфе, ки зикр шудааст.
Худованди мутаъол фармудааст: (Ва барои ин, ки иддатро такмил кунед ва Аллоҳро бар он чӣ ба шумо ҳидоят карда, такбир бигӯед) (Бақара 185)
(تكبروا الله): яъне, бузургаш доред бо дилҳо ва забонҳоятон. Ин амр ба лафзи (الله اكبر، الله اكبر، لا إله إلا الله، والله أكبر، الله أكبر، ولله الحمد).