Зиёрати Мадинаи Мунаввара, фазилат ва манзалати он

Зиёрати Мадинаи Мунаввара, фазилат ва манзалати он

Номҳои шаҳри Мадина

1. Ал-мадина:

Аллоҳи мутаъол фармудааст: ((Мегӯянд, замоне, ки ба Мадина баргаштем, иззатманди мо хору залили моро аз он берӯн кунад)) (Мунофиқун 8).

2. Тобаҳ:

Аз Ҷобир бин Самура (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) ро шунидам, ки фармуд: ((Аллоҳ Мадинаро Тобаҳ номидааст)) [Ба ривояти Муслим]

3. Тайибаҳ:

Зайд бин Собит (р) аз Набии акрам (с) ривоят карда, ки фармуданд: ((Ин тайибаҳ аст, гуноҳонро маҳв мекунад, чуноне, ки оташ палидии нуқраро нобуд мекунад)).[Ба иттфоқи Бухорӣ ва Муслим]

Фазоили шаҳри Паёмбар (с)

1. Аз Саъд бин Абиваққос (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ((Мадина барояшон беҳтар аст, агар медонистанд. Касе, ки онро тарк намекунад бо рағбати худаш, магар ин, ки Аллоҳ мутаъол ба ивази ӯ касеро, ки беҳтар аст, ҷо медиҳад. Ҳар касе, ки ба сахтии зиндагии он пойдор монад, ман шафеъ ва ё шоҳиди ӯ дар рӯзи қиёмат ҳастам)) [Ба ривояти Муслим]

2. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Набии акрам (с) фармуданд: ((Ба ман амр шуда ба қаряе [Ба ман амр шуда бар қаряе: Ба ҳиҷрат ба он ва маскан гузидан дар он амр шудам], ки бар соири қаряҳо ғалаба мекунад [Мардумонаш ба соири сарзаминҳо ғалаба мекунад ва маркази лашкарҳои исломӣ мегардад] ва ӯро Ясриб меноманд [Ба он Ясриб гуфта мешавад: Дар ҷоҳилият Ясриб меномиданд ва шоистааст, ки барояш Мадина гуфта шавад], ҳиҷрат кунам, ки он Мадина аст. Мардуми ашрорро [Ашрорро аз миёни мардум берун месозад] меронад, монанди ин, ки минфохи [Мифохе, ки ба воситаи он оҳангар оташи кураашро бод мезанад] кураи оҳангар палидиҳои оҳанро [Мифохе, ки ба воситаи он оҳангар оташи кураашро бод мезанад] дур мекунад)) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Аз вижагиҳои Мадинаи Мунаввара

1. Ҳарами амне, ки миёни Ийр ва Савр –ду куҳест- имтидод ёфта, дарахтонаш қатъ намешавад ва сайдаш низ шикор намешавад.

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ((Мадина миёни Ийр ва Савр, ҳарам аст, касе, ки дар он бидъати мухолифи суннат эҷод кунад ва ё бидъати кореро маъво диҳад, лаънати Аллоҳ ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар ӯ бод)). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Куҳи Савр Куҳи Савр
Куҳи Ийр

2. Намоз дар он чанд баробар аҷр дорад.

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ((Як намоз дар масҷиди ман, беҳтар аст, аз ҳазор намоз дар ғайри он, магар масҷиди Ҳаром)). [Ба ривояти Бухорӣ]

3. Дар он равзае аз равзаҳои биҳишт мебошад, ки намоз хондан дар он суннат аст.

Аз Абӯҳурайра (р), ривоят шуда, ки Набии акрам (с) фармуданд: ((Миёни хона ва минбарам равзае аз равзаҳои биҳишт аст ва минбарам бар сари ҳавзи ман мебошад)). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Равзаи Шариф

4. Масеҳи Даҷҷол дар охири замон зуҳур мекунад, ба он дохил намешавад ва тоъун [Тоъун: бемории палидӣ аст] ба он низ намерасад.

Аз Анас бин Молик (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: ((Даҷҷол ба Мадина меояд, фариштагонро посдорони Мадина меёбад, тоъун ва Даҷҷол ба хости худо ба ин шаҳр дохил намешаванд)). [Ба ривояти Тирмизӣ]

5. Расули Аллоҳ (с) барои баракат дар он, дуо карданд:

Аз Анас (р) аз Набии акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: ((Бори Илоҳо! Баракати Мадинаро ду чанди Макка бигардон)). [Ба иттифоқи Бухорӣ]

Ҳукми зиёрати Паёмбар (с)

Зиёрати масҷиди Паёмбар (с) аз шартҳо ва ё аркону воҷиботи Ҳаҷ намебошад, балки суннатест, ки дар ҳар вақт, машруъ мебошад.

Бояд, ки мақсуд аз зиёрат, намоз хондан дар Масҷиди Набавӣ бошад, на зиёрати қабри Паёмбар (с).

Аз Абӯҳурайра (р) аз Набии акрам (с) ривоят аст, ки фармуд: ((Рахти сафар баста намешавад, магар ба сӯи се масҷид: Масҷиди Ҳаром ва Масҷиди Паёмбар (с) ва Масҷиди Ақсо)). [Ба ривояти Муслим]

Шайхул-ислом Ибни Таймия фармуд: ((Агар мақсуд аз сафар зиёрати қабри Паёмбар (с) бошад, на адои намоз дар Масҷиди Паёмбар (с), аимма ва аксари уламон онро номашрӯъ медонанд, чизе, ки ба он амр шудаанд ва аҳодисе, ки дар мавриди зиёрати қабри Набии акрам (с) мавҷуд аст, ба иттифоқи уламои ҳадис ҳамаи онҳо заиф мебошад, балки аҳодиси мавзуе мебошад, ки аз соҳибони сунан мавриди эътимод, касе онро ривоят накарда ва низ ҳеҷ як аз аимма низ бо он истинод накардаанд)). [Маҷмуъул-фатово, ҷузъи 27, сафҳаи 26]

Аҳкоми зиёрат ва одоби он

1. Зоир ҳангоме, ба Масҷиди Набавӣ мерасад, пои рости худро пеш карда, ворид мешавад ва мегӯяд: ((Эй бори Илоҳо! Дарҳои раҳмати худро бар ман бигушо)).[Ба ривояти Муслим]

2. Ду ракаъат намози таҳияи масҷид бихонад, агар дар равзаи шарифа адо кард, беҳтар аст.

3. Зиёрати қабри Набии акрам (с) ва ду ёри бовафояш, Абӯбакр ва Умар (р) суннат аст.

дар баробари қабри Набӣ (с) боодоб ва бо садои паст дуруд мефиристад, пас аз он бар Абӯбакр ва сипас ба Умари Форуқ (р), салом медиҳад.

4. Барои зоири Масҷиди Набавӣ суннат аст, то намозҳои панҷгонаро дар масҷиди Паёмбар (с) адо кунад ва дар он зикри Аллоҳ ва дуои бисёр кунад ва намозҳои нафлӣ, ба вижа дар Равзаи шариф, бештар бихонад.

5. Суннат онаст, ки ба зиёрати масҷиди Қубо барои адои намоз биравад. Агар ин зиёрат дар рӯзи шанбе бошад,

беҳтар аст, ба далели ҳадиси Ибни Умар (р), ки фармуд: ((Расули Аллоҳ (с) ба масҷиди Қубо савор бар маркаб ва ё пиёда меомаданд ва дар он ҷо ду ракаат намоз мехонданд)) ва дар лафзи дигар: ((Ба Қубо меомаданд, яъне ҳар рӯзи шанбе)). [ Ба ривояти Муслим]

6. Зиёрати қабристони Бақеъ [Бақеъ: Қабристоне, ки шумори зиёде аз Саҳобаи киром мадфун ҳастанд] ва шуҳадои Уҳуд, ба вижа қабри Ҳамза (р) низ суннат аст, зеро,

ки Набии акрам (с) ба зиёрати онҳо мерафтанд ва барояшон дуо мекарданд ва чунин мефармуданд: ((Салом ба шумо мӯминон ва мусалмонон аҳли ин сарзамин, аз Аллоҳ барои мо шумо, офият талаб мекунам)). [Ба ривояти Муслим]

Иштибоҳот ва огоҳиҳо дар зиёрат

1. Азму рахти сафар бастан ба мақсади зиёрати қабр ва ҷойҳои бостонии Мадинаи Мунаввара ва машрӯъ онаст, ки рахти сафар барои зиёрати Масҷиди Набавӣ ва адои намоз дар он бошад, ки зиёрати қабрро низ дарбар мегирад.

2. Дар ҳоли дуо, ру ба самти қабр кардан.

3. Тақозо кардан аз Набии акрам (с) ва хостани ниёзҳо аз эшон, на аз Аллоҳ мутаъол, ки ширки бузург мебошад.

4. Бусидан ва молидани чизе ба деворҳои ҳуҷраи қабри Набии акрам (с) ба қасди табаррукҷӯи, ки аз бидъатҳои муҳаррама ва аз васоили ширк мебошад.

5. Баланд кардани садо дар назди қабри Набии акрам (с) ва истодани бисёр ва такрори салом аз дур ҳар вақте, ки дохил шавад ва низ гузоштани дасти рост бар дасти чап болои сина, монанди намоз.



Tags: