Аркон, воҷибот ва суннатҳои намоз

Аркон, воҷибот ва суннатҳои намоз

Аркони намоз

Аҷзои асосӣ, ки аз он ташкил меёбад, тавре, ки ба ҳеҷ ваҷҳе тарки он ҷоиз набуда, на қасде ва на саҳве соқит намегардад, магар дар ҳолати нотавонӣ.

Якум: Аркони намоз

- Истодан дар фарз, дар ҳолати тавонои.

- Қироъат.

- Рукӯъ

- Саҷда кардан бар ҳафт узв.

- Риъояти тартиб миёни аркон.

- Қаъдаи охир миқдори ташаҳҳуд хондан

Касе, ки рукне аз арконро тарк кард, чӣ кор мекунад?

1. Касе, ки онро касдан тарк кард, намозаш ботил шуд ва бояд онро дубора бихонад.

2. Касе, ки онро саҳван тарк, аз ду ҳолат холӣ нест:

Якум: Ба хотир наовард, тарки ин рукнро, магар ин, ки ба ҳамон мавзеъ аз ракаъати дуввум расида буд, дар ин ҷо ракаъати гузашта, ки ин рукн аз он тарк шударо ҳисоб намекунад,

балки ин ракаъат ба ивази ракаъати аввал қарор медиҳад, пас дар охири он саҷдаи саҳв мекунад. [Муроҷиа шавад ба саҷдаи саҳв дар боби саҷдаи саҳв ва шукру тиловат, сафҳаи 64-66]

Мисоли он: Марде дар ракаъати дуввум ҳангоми саҷда ба хотираш омад, ки дар ракаъати аввал саҷдаи дуввумро фаромӯш карда, дар ин ҷо ракъати аввал лағв намуда, ҳамин ракаъатро ракаъати аввал мегардонад.

Дуввум: Пеш аз ин, ки ба ҳамон мавзеъ дар ракаъати баъдӣ бирасад ба ёдаш омад, ки рукне дар ракаъати қаблӣ фаромӯш карда, дар ин ҷо бар вай воҷиб аст, ки баргардад ва ҳамон рукни фаромӯш шударо адо кунад.

Мисоли он: Марде рукуъро фаромӯш кард ва пас аз поёни қироъат ба саҷда рафт ва дар ҳангоми саҷда ба ёдаш омад, ки рукӯъ накарда, бар вай воҷиб аст, то бархезад, аввал рукӯъ кунад ва баъд аз он намозашро такмил кунад.

Дуввум: Воҷиботи намоз

Воҷиботи намоз

Онҳое, ки саҷдаи саҳв ҷуброн мекунад

- Оғози намоз ба лафзи «الله أكبر»

- Хондани сураи Фотиҳа дар ду ракаъати аввали намози фарзӣ ва дар ҳамаи ракаъатҳои намозҳои витр ва нафлӣ.

- Хондани сураи кӯтоҳ ва ё ҳадди аққал се ояти кӯтоҳ баъд аз Фотиҳа дар ду ракъати аввали намозҳои фарзӣ ва дар ҳар ҳамаи

ракаъатҳои витр ва нафлӣ.

- Тақдими хондани сураи Фотиҳа бар сураи дигар.

- Пайвастани бинӣ бо пешонӣ дар саҷда.

- Оромӣ дар аркон: Ором гирифтани дастҳо ва пойҳо дар рукӯъ ва саҷда ва монанди онҳо дар баланд шудан.

- Риъояти тартиб миёни қироъат ва рукӯъ ва миёни он чӣ, ки дар ҳар ракаъат такрор мешавад.

- Қаъдаи аввал дар намозҳои се ракаъатӣ ва ё чаҳор ракаъатӣ.

1. Хондани ташаҳҳуд (التحيات لله) дар қаъдаи аввал.

2. Хондани ташаҳҳуд (التحيات لله) дар қаъдаи охир.

3. Бархостан бидуни таътиле барои ракаъати саввум пас аз хондани ташаҳҳуди аввал.

4. Хориҷ шудан аз намоз ба лафзи салом.

5. Имом бояд ду ракаъати фаҷр ва ду ракаъати аввали мағриб ва ишо ва намозҳои ҷумъа ва идайн ва таровеҳу витр дар Рамазон, ба садои баланд қироъат кунад.

6. Имом ва танҳогузор дар намозҳои зуҳр ва аср ва ҳамчунин ба ҷӯз аз ду ракаъати аввали намози мағриб ва ишо ва дар намозҳои нафлии рӯзона, бояд қироъаташ хомӯшона бошад.

7. Қунут хондан дар витр.

8. Такбири идайн (се такбир дар ҳар ракаъат) ва такбири қунут ва такбири рукӯъ дар ракаъати дуввуми намози ид тобеи такбироти изофии он мебошад, ба даледи муттасил будан ба онҳо.

9. Сукути муқтадӣ ва пайравии имом дар намози ҷамоат.

10. Анҷоми саҷдаи дуввум пас аз аввал бидуни фосила миёни онҳо.

Касе, ки воҷибе аз воҷиботи намозро тарк кард, чӣ кор мекунад?

1. Касе, ки қасдан тарк намуд, намозаш ботил шуда, бояд, ки онро дубора бихонад.

2. Касе, ки саҳван тарк намуд, намозаш саҳеҳ аст ва қабл аз салом додан, ду саҷдаи саҳв мекунад, баъд аз якбор салом додан ба самти рост.

Саввум: Суннатҳои намоз

Ҳар он чӣ дар васфи намоз омада аст, ба ҷӯз аз шурут ва аркону воҷиботи намоз, аз суннатҳои намоз ва ё одобаш мебошад, ки тарки онҳо дар сиҳати намоз таъсире надорад ва саҷдаи саҳв дар он низ воҷиб намебошад.

- Ва суннатҳои намоз аз ин қарор аст:

1. Баланд кардани дастон то баробари гӯшҳо барои мардон ва то баробари шонаҳо барои занони озод.

2. Ангӯштонро ба ҳолати одӣ гузоштан, тавре, ки на бо ҳам муттасил ва на аз ҳам дур бошанд.

3. Такбири таҳримаи муқтадӣ муттасил бо такбири таҳримаи имомаш бошад.

4. Мард дасти ростро болои дасти чап дар зери ноф мегузорад ва зан дастонашро болои синааш мегузорад.

5. Дуои истифтоҳ (سبحانك اللهم) ва Аузу биллоҳ барои қироъат ва ҳамчунин хондани (بسم الله) пеш аз Фотиҳа дар аввали ҳар ракаъат ба таври сиррӣ мебошад.

6. Омин гуфтан ва ҳамчунин سبحانك اللهم وأعوذ بالله وبسم الله хондан ба таври сиррӣ мебошад.

7. Рост истодан дар оғоз ва поёни такбири таҳрима бидуни сар хам кардан.

8. Имом такбир ва سمع الله ва саломро ба овози баланд мегӯяд.

9. Миёни ду пояш ба андозаи чаҳор ангӯшт гушодадагӣ бигзорад.

10. Агар намозгӯзор муқим буд, сурае, ки баъд аз Фотиҳа мехонад, бояд дар намозҳои фаҷру зуҳр аз сураҳои дарози муфассал бошад ва дар намозҳои асру ишо,

аз сураҳои вусто бошад ва дар мағриб аз сураҳои кӯтоҳ бошад ва агар мусофир буд, аз ҳар сурае, ки бихоҳад, дар намозҳо метавонад бихонад.

11. Қироъатро дар ракаъати аввали ҳар намоз дароз бояд кард.

12. Такбир гуфтан дар ҳангоми поён шудан ба рукӯъ ва саҷда ва низ ҳангоми боло шудан, магар боло шудан аз рукӯъ, ки дар он سمع الله لمن حمده гуфта мешавад ва дар рукӯъ се бор سبحان ربي العظيم ва дар саҷда се бор سبحان ربي الأعلى, гуфтан суннат аст.

13. Гирифтани зонӯҳо бо дастонаш дар ҳангоми рукӯъ кардан.

14. Мардон бояд дар рукӯъ миёни ангӯштони дастонашон гушодагӣ бигзоранд ва занон чунин накунанд.

15. Дар рукӯъ бояд пушти худро ҳамвор намуда, сару мақъадашро бо ҳам баробар бисозад.

16. Бо итмиънон худро рост кунад ва ё сар баланд кардан аз рукӯъ ва саҷдааш бо оромиш бошад.

17. Дар рафтан ба саҷда зонӯҳояшро аввал ва сипас дастонаш ва баъд азон рӯяшро ба замин биниҳад ва ҳангоми баланд шудан аз саҷда, акси онро бикунад.

18. Саҷда дар фосилаи миёни ду кафи даст бошад ва дастҳо дар баробари шона гузошта шавад.

19. Мардон дар ҳолати саҷда шикамҳоро аз зонӯ ва оринҷҳоро аз паҳлӯҳо ва соидҳоро аз замин дӯр доранд.

20. Занон шикамҳояшонро ба ронҳояшон дар саҷда муттасил кунанд.

21. Дар ҳангоми нишастан миёни ду саҷда ва низ дар нишастан барои ташаҳҳудхонӣ, дастон бояд бар ронҳо гузошта шаванд.

22. Мард замоне, ки дар миёни ду саҷда ва ё барои ташаҳҳудхонӣ менишинад, бояд пои чапашро паҳн карда болои он бинишинад, дар ҳоле, ки қадами пои росташро баланд истод мекунад.

23. Зан бояд таваррук кунад: яъне бар мақъадаш бинишинад ва ҳар ду пояшро ба самти рост бикашад, зеро ки барояш сатрмандтар аст.

24. Ишора танҳо бо ангушти субоба аст, ба гунае, ки дар вақти “لا إله” гуфтан, онро баланд намуда ва дар вақти “إلا الله” гуфтан онро поён мекунад.

25. Хондани сураи Фотиҳа дар ду ракаъати охир.

26. Бар Набии акрам (с) дар ҷалсаи охир дуруд фиристодан.

27. Дуо кардан баъда аз дуруд бар Набии акрам (с) ба монанди шабеҳи алфози Қуръон ва Суннат.

28. Имом дар саломҳояш нияти салом бар намозгузорон ва фариштагони ҳафаза ва солиҳини ҷиниётро низ ният кунад.

29. Муқтадӣ нияти ҷавоби саломи имомро дар ҷиҳате, ки воқеъ шуда низ бикунад.

30. Намозгузори танҳо ба саломаш танҳо Малоикаро ният кунад.

31. Дар саломи дуввум садояшро нисбат ба саломи аввал поёнтар кунад.

32. Бо саломи имом, мутассил салом бидиҳад.

33. Дар салом додан аз рост шурӯъ кунад.

34. Масбуқ ё касе, ки мутаъаххир ба имом пайваста аст, бояд мунтазир бошад, ки имон аз саломи дуввумаш фориғ гардад, то бидонад, ки бар имом саҷдаи саҳв нест.



Tags: