https://link.space/@tok99toto ladangtoto link alternatif k86toto login https://thewatchmakerproject.com/ pragmatic play https://mannawasalwa.ac.id/3/ladang-toto/ https://mannawasalwa.ac.id/3/s-mania/ https://bintangara.tabalongkab.go.id/public/klik88/ https://klik88.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://ladangtoto.sakt1.co.id/ https://manyao.djmusicvibration.com.in/ https://ww.pn-jayapura.go.id/ ladangtoto https://fa.unjani.ac.id/wp-content/pg/ slot thailand mahjong login k86sport tok99toto login ladangtoto login http://103.3.46.79/funmania/ http://103.101.52.68:8005/kaizen88/ https://link-fun77toto.threeways.id/ https://bandar-fun77toto.diansigmaglobal.id/ https://ptbm.co.id/k86toto/ https://sisfo.diskominfo.pa-malangkota.go.id/ https://ftp.fhunwiku.ac.id/ https://103.181.182.174/ https://www.forex.ntu.edu.tw/tok99/ http://nkquoc.ntt.edu.vn/ https://kgaswe.ac.bw/adm-pulsa/ https://szeus.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://ptbm.co.id/togel-hongkong/ https://sdnbeneryk.sch.id/s-88/ https://pta-bali.go.id/img/s-macau/ https://pta-bali.go.id/img/s-x500/ https://pta-bali.go.id/img/angka-jitu/ https://sdnbeneryk.sch.id/s-5k/ https://pta-bali.go.id/img/s-jepang/ http://103.3.46.79/888slot/ https://inspektorat.bondowosokab.go.id/assets/s-thailand/ https://pta-bali.go.id/img/s-taiwan/ https://fun77.bintangara.tabalongkab.go.id/ https://yppdb.or.id/s-macau/ http://103.3.46.79/dana-fun77/ https://yppdb.or.id/pg-soft/ https://galvindo.co.id/fun77toto/ http://103.3.46.79/padma188/ http://103.3.46.79/gateszeus/ https://pa-sukabumi.go.id/img/fun77toto/ https://yppdb.or.id/ladang-toto/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-mahjong/ https://yppdb.or.id/ying77/ http://103.3.46.79/slot777/ http://103.3.46.79/slot88/ http://103.3.46.79/slot77/ http://103.3.46.79/dewatoto/ http://103.3.46.79/dewaslot/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-dana/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/s-jp/ http://103.3.46.79/hokifun/ http://103.3.46.79/gopayfun/ http://103.3.46.79/danafun/ https://yppdb.or.id/data-sydney/ https://smartech.co.id/fun77toto/ http://161.97.112.139/ https://yppdb.or.id/axiebet/ https://yppdb.or.id/s-bri/ https://yppdb.or.id/s-toto/ https://yppdb.or.id/s-jepang/ https://pa-blambanganumpu.go.id/img/joker-123/ https://yppdb.or.id/ladang-duit/ slot thailand http://103.3.46.79/rumah258/ http://103.3.46.79/megaforwin/ http://103.3.46.79/asia188/ http://103.3.46.79/66kbet/ http://103.3.46.79/gb777/ http://103.3.46.79/gudangtoto/ https://slot-pragmatic.pa-sawahlunto.go.id/ https://lintas-unitama.co.id/fun77toto/ https://synergylab.co.id/s-qris/ https://synergylab.co.id/s-ovo/ https://synergylab.co.id/s-gopay/ https://synergylab.co.id/s-linkaja/ https://synergylab.co.id/s-dubai/ Эътикоф | Фиқҳи мусаввари ибодот


Эътикоф

3013

Таърифи эътикоф

Эътикоф дар луғат

Мулозимати чизе ва ҳабси нафс бар он.

Эътикоф дар шариат

Мулозимати масҷид барои ибодати Аллоҳи мутаъол.

Машруъияти эътикоф

Эътикоф амалест аз аъмоли фазоил ва тоъоти бузург. Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Набии акрам (с) дар даҳаи охири Рамазон то ҳангоми вафоташон ба эътикоф менишастанд) [Ба ривояти Бухорӣ].

Эътикоф барои мо ва касоне, ки пеш аз мо низ буданд, низ машруъ будааст.

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Ба Иброҳим ва Исмоил амр кардем, то хонаи маро пок созанд барои тавофкунандагон ва иқоматкунандагон барои ибодат ва намозгузорон дар ҳоли рукуъ ва суҷуд) (Бақара 125).

Ҳукми эътикоф

Эътикоф дар ҳар вақт, суннат аст ва беҳтаринаш дар даҳаи охири Рамазон мебошад, зеро ки Расули Аллоҳ (с) бар он дар даҳаи охири Рамазон мудовамат кардаанд [Зодул-миъод].

Шартҳои эътикоф

1. Ният

Эътикофкунанда ният намуда дар масҷид ба хотири қурбат ва ибодати Аллоҳи мутаъол, иқомат гузинад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Аъмол ба ниятҳояш бастагӣ дорад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

2. Масҷиде, ки дар он ба эътикоф менишинад, бояд масҷиди ҷомеъ бошад

Яъне масҷиде бошад, ки дар он намози ҷумъа бихонанд ва дар он умуми мардум бошад, на масҷиде, ки махсуси мардуми як минтақаи хос бошад.

Масҷиди ҷомеъ (ҷумъахонӣ)

3. Покӣ аз ҳадаси бузург (ҷанобат ва ҳайзу нифос)

Бинобарин эътикофи ҷунуб, занони ҳоизу нуфасо, дуруст нест, ба далели адами ҷавози истодани онҳо дар масҷид.

Рӯза доштан барои эътикоф нишастан, шарт нест

Рӯза доштан барои эътикоф, шарт нест, ба далели ривояти Ибни Умар (р), ки амири мӯминон Умар (р) хитоб ба Набии акрам (с) фармуд: (Дар ҷоҳилият назр карда будам, то шабе дар Масҷиди Ҳаром, эътикоф бинишинам! Он ҳазрат (с) фармуданд: (Ба назри худ вафо кун)) [Ба ривояти Бухорӣ].

Агар рӯза доштан барои эътикоф шарт мебуд, эътикофи Умар (р) дар шаб дуруст намешуд, зеро дар шаб рӯзае вуҷуд надорад ва ҳамчунин собит аст, ки Расули Аллоҳ (с) даҳаи аввали моҳи Шавворо эътикоф менишастанд, [Ба ривояти Муслим]

ки дар он рӯзҳои ид воқеъ шуда, ки рӯза дар онҳо ҷоиз нест, ҳамон тавре, ки рӯза ва эътикоф ду ибодати аз ҳам ҷудо мебошанд, бинобарин вуҷуди яке аз онҳо барои дигаре шарт намебошад.

Замони эътикоф

Эътикоф нишастан дар ҳар рӯз ва бо ҳар муддате, дуруст аст, магар беҳтар онаст, ки муддати эътикоф аз як шабу рӯз камтар набошад, зеро ки аз Набии акрам (с) ва аз яке аз ёронаш, эътикофе камтар аз ин муддат, ривоят нашудааст.

Эътикофи даҳаи охири Рамазон

- Беҳтарин вақти эътикоф буда, ба далели он чӣ аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, (ки Набии акрам (с) дар даҳаи охири Рамазон то замони вафоташон, эътикоф нишастаанд) [Ба ривояти Бухорӣ].

- Касе, ки дар даҳаи охири Рамазон нияти эътикоф нишастанро дошт, дар масҷиде, ки нияти эътикофро карда, намоз фаҷрро мехонад, пас аз он ба эътикоф менишинад.

Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) дар ҳар Рамазон ба эътикоф минишастанд, вақте, ки намози субҳро мехонданд, ба маконе, ки эътикоф намуда буданд, дохил мешуданд) [Ба ривояти Бухорӣ].

Ҳикмати эътикоф

Ҳикмат аз эътикоф нишастан, буридан аз дунё ва машғулият ба он ва аҳли дунё ва фориғ шуда ба ибодат, мебошад.

барои эътикофнишаста, шоистаааст, то қалби худро низ, фориғ бигардонад.

Он чӣ барои муътакиф мубоҳ аст

1. Берун рафтан аз масҷид барои ниёзмандиҳо, монанди хориҷ шудан барои ғизо хурдан ва нушидан, агар касе набуд, ки барояш онро биёварад ва хориҷ шудан барои қазои ҳоҷат, ба далели он чӣ,

ки аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Набии акрам (с) вақте, ки ба эътикоф буданд, сарашонро ба сӯи ман наздик мекарданд ва ман онро шона мекардам [Муйҳояшро дуруст мекардам] ва ба хона дохил намешуданд, магар борои ниёзи башарӣ) [Ба ривояти Муслим] .

2. Шона кардан ва дуруст кардани муй, назар ба ҳадиси қаблӣ.

3. Сухан гуфтан бо мардум дар мавориди судманд ва пурсидан аз ҳолу аҳволашон, вале бисёр суҳбат кардан ва пурҳарфӣ шоиста нест, зеро бо мақсуди эътикоф мунофот дорад.

4. Боздиди бархе аз хонавода ва хешовандон ва берун рафтан аз макони эътикоф барои видоъи онҳо.

Аз модари мӯминон, Сафия бинти Ҳуяй (р) ривоят аст, ки фармуд: (Набии акрам (с) дар эътикоф буданд, ман шабона ба дидораш рафтам, бо эшон ҳарф задам, пас аз он бархостам, ки баргардам, бо ман бархост, то маро баргардонанд [Маро ба хонаам баргардонанд] ) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] .

Ботилкунандаҳои эътикоф

1. Хориҷ шудан аз масҷид қасдан ва бидуни ниёз ба он- агар чӣ муддаташ кӯтоҳ бошад- ба далели он чӣ аз модари мӯминон,

Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Ба хона дохил намешуданд, магар барои ниёзи башарӣ) [Ба ривояти Муслим],

зеро, ки берун шудан аз масҷид, бақо дар макони эътикофро, ки рукни эътикоф аст, мунтафӣ месозад.

2. Омезиш ва ҳамбистарӣ- агар чӣ дар шаб бошад-,

ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва омезиш бо ҳамсаронатон накунед, дар ҳоле, ки шумо дар масҷид ба эътикоф нишастаед) (Бақара 187).

Ва дар ҳукми омезиш аст, инзоли ба шаҳват, агар чӣ бидуни ҳамбистарӣ бошад, монанди истимно ва ҳамоғушӣ бо ҳамсар дар ғайр аз фарҷ.

3. Қасди буридани эътикоф

Агар мусалмоне нияти эътикофи рӯзҳои муайяне кард, баъд аз он эътикофаро қатъ намуд, қазои он ҷавоз дорад, зеро, ки аз модари мӯминон,

Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) агар иродаи эътикофро медоштанд, намози фаҷр адо намуда ба макони эътикофашон ворид мешуданд, Расули Аллоҳ амр карданд, то хаймаи пашмиро дар даҳаи охири Рамазон барпо кунанд, ки чунин карданд- Зайнаб низ амр кард, чодари пашмии вайро низ барпо доранд, ки карданд ва соири ҳамсарони Набии акрам (с) низ амр карданд, то чодарҳои пашмини онон низ барпо шавад, ки шуд. Вақте, ки Расули Аллоҳ (с) намози фаҷрро адо карданд, диданд, ки хаймаҳои пашмӣ задаанд, фармуданд: Некӯи мехоҳанд? [Аз бими он, ки мабодо дар эътикофашон мухлис набошанд] Амр карданд, хаймаҳои эшонро баркананд [Яъне хаймаро барканданд] ва эътикоф дар моҳи Рамазонро тарк намуданд, дар даҳаи аввали Шаввол ба эътикоф нишастанд) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

ва дар ривояти дигар (даҳаи охири Шаввол).

4. Эътикофкунанда аз бемор, хабаргирӣ намекунад ва ба ҷаноза низ ҳозир намешавад ва барои ибодати Аллоҳи мутаъол дар мавзеъи эътикофаш, гӯшанишинӣ мекунад.



Tags: