5. Пас аз он барои кам шудани ғубор, онҳоро пуф кунад.
6. Баъд аз он бо кафи дасти чап, аз пушти ангуштони дасти рост, масҳро оғоз кунад ва ба сӯи оринҷ бикашад ва сипас масҳро аз рӯи оринҷ ба сӯи банди даст,
идома диҳад, пас аз он пушти дасти чапро бо рӯи кафи дасти рост, то оринҷ масҳ намуда, сипас аз дохил ба сӯи банди даст, баргардонад.
7. Пас аз он пушти дастонашро масҳ кунад, пушти дасти рост бо кафи дасти чап ва баъд аз он пушти дасти чапро бо кафи дасти рост.
Ва далели васфи таяммум, фармудаи Набии акрам (с): «Таяммум ду зарба ҳаст, зарба барои рӯй ва зарбаи дигар, барои дастон то оринҷҳо». [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] (Мустадрак бар Саҳеҳайн).
Бо дастонаш ба хок занад.
Хокро аз дастонаш пуф кунад
Масҳи рӯй
Дастаи чапро бо дасти рост масҳ кунад
Дасти ростро бо дасти чап масҳ кунад.
Фарзҳои таяммум
1. Масҳ рӯй.
2. Масҳи кафайн
3. Бархе аз аимма афзудаанд:
4. Ният.
5. Тартиб: бо масҳи рӯй оғоз мешавад ва пас аз он масҳи кафайн.
6. Пайҳам: дастонашро пас аз рӯяш, беист, масҳ кунад.
Шиканандаҳои таяммум
1. Мавҷудияти об.
2. Вуқуъи яке аз шиканандаҳои вузу, монанди хуруҷи бод.
3. Вуқуъи он чӣ ғуслро воҷибv кунад, монанди эҳтилом.
Аз нигоҳи илм ба исбот расида, ки хоки замин дар миёни зарроташ ҳовии модаи покест, ки метавонад, анвоъи микробҳоро аз байн мебарад ва тавони аз миён бардоштани ҳар навъ микроб ва ё вирусро дорад.
Масоил
1. Намоз хондан бо таяммум ҳангоми нотавонӣ бар об, беҳтар аз онаст, ки бо вузуе намоз хонад, ки аз фишори қазои ҳоҷати бавл ва ё ғоит, ранҷ барад.
2. Таяммум бар девор ва қолине, ки бар он хок ва ё ғубор нишаста бошад, ҷоиз аст.
3. Бо як таяммум метавонад, ҳар миқдор намозҳои фарзӣ ва нафлӣ, ки хостааст, бихонад, магар ин, ки яке аз шиканандаҳои таяммум воқеъ шавад.
4. Вузукунанда, метавонад бар ақиби таяммумкунанда дар намоз, иқтидо кунад, «ба далели дуруст шуморидан бар амали Амр бин Ос, ки дар сармои шадид, таяммум кард ва бо ҳамроҳонаш, намоз ба ҷамоат хонд» [Ба ривояти Абӯдовуд].
5. Касе, ки таяммум кард ва намоз хонд, пеш аз поёни вақти намоз, об пайдо шуд, намозро аз сари нав намехонад.
Аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) нақл шуда, ки фармуд: «Ду марде ба сафар баромаданд, фақти намоз фаро расид, обе барои вузу надоштанд, ба хоки пок таяммум карда намоз хонданд ва қабл аз поёни вақт, обро ёфтанд, яке аз онҳо вузу карда намозро аз сари нав адо кард ва дуввум иъодаи вузу ва намоз накард, пас аз аз он назди Расули Аллоҳ (с) омада, ҳолатро ёдовар шуданд. Он ҳазрат (с) барои касе, ки намозро дубора нахонда буд, фармуданд: Ту ба суннат амал кардӣ, намози ду дуруст буд ва барои касе, ки вузу карда намозашро аз сар хонда буд, фармуданд: “барои ту дубор подош аст» [Ба ривояти Абӯдовуд].
6. Ҳар, ки таямммум кард, ва дар аснои намоз, ё қабл аз он, об пайдо шуд, бояд ки ба об вузу кунад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Хоки пок барои мусалмонон таҳур аст, агар даҳ сол ҳам обро наёбад, агар обро пайдо кард, бояд мавзеи вузуи пусташро тар кунад, ин кор барояш беҳтар аст» [Ба ривояти Тирмизӣ].
7. Ҳеҷ чизе монеъи намози мусалмонон намешавад ва намозро аз вақташ таъхир намекунад, агар об барои вузу наёфт ва ё аз истеъмоли он, оҷиз буд.
таяммум мекунад, агар аз таяммум кардан ҳам оҷиз шуд, бидуни таҳорат намоз мехонад.