ки Аллоҳи мутаъол муфармояд: (Ва бандаи ман ҳамчунон бо навофил ба ман тақарруб меҷӯяд,то ин, ки вайро дӯст медорам, агар дӯст доштам, ман гӯши шунавои ӯ мебошам ва низ чашми биноии ӯ мешавам ва низ дасти ӯ мешавам, ки бо он ба қувват мегирад ва низ пои ӯ мешавам, ки бар он роҳ меравад ва агар аз ман чизе бихоҳад, барояш ато мекунам ва агар талаби паноҳ кунад, ба вай паноҳ медиҳад) [Ба ривояти Бухорӣ].
2. Намози нафлӣ, камбуди фароизро ҷуброн мекунад, чунончӣ Набии Акрам (с) фармуданд:(Нахустин чизе, ки дар рӯзи қиёмат мардум аз аъмолашон мавриди муҳосаба қарор мегиранд, намоз аст, Парвардигори мо ба фариштагонаш --дар ҳоле, ки ӯ донотар аст-, мефармояд: Ба намози бандаам бингаред, оё комил карда ё камбуд дорад? Агар комил хонда бошад, барояш комил навишта мешавад ва агар чизе аз он ноқис буд, мефармояд: бубинед, оё банда нафле хондааст? Агар нафле вуҷуд дошт, мефармояд: ҳисоби фарзро аз нафли вай тамом кунед, пас ба ҳамин минвол аъмолаш бозхост мешавад). [Ба ривояти Абӯдовуд]
Намози нафл анвоъи зиёде дорад, ки муҳимтарини онҳо азин қарор аст:
Якум: Суннатҳо равотиб
Ва он суннатҳоест, ки вобаста ба фарз мебошад.
Маҷмӯъи суннатҳои равотиб даҳ ва ё ёздаҳ ракаъат мебошанд, азин қарор:
- Ду ракаъат қабл аз фаҷр.
- Ду ва ё чаҳор ракаъат қалб аз намози зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он.
- Ду ракаъат баъд аз намози мағриб.
- Ду ракаъат баъд аз ишо.
Аз Ибни Умар (р) ривоят аст, ки гуфт: (Ман аз Набии акрам (с) даҳ ракаъатро ҳифз кардам: Ду ракаъат қабл аз зуҳр ва ду ракаъат баъд аз он ва ду ракаъат баъд аз мағриб дар хонаашон ва ду ракаъат баъд аз ишо дар хонаашон ва ду ракаъат қабл аз намози фаҷр).[Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
Монанди он аз Ойиша (р) низ ривоят шуда, магар ин, ки қабл аз зуҳр чаҳор ракаъат зикр кардааст. [Ба ривояти Муслим]
1. Ақали витр як ракаъат аст ва аксараш ёздаҳ ва ё сездаҳ ракаъатаст, ки намозгузор ду ду ракаъат мехонад, сипас як ракаъат хонда, витр мехонад.
2. Камтарин камол се ракаъат аст: ду ракаъат хонда салом медиҳад, сипас як ракаъати дигар хонда салом медиҳад ва метавонад се ракаъатро муттасил ба як ташаҳҳуд бихонад ва назди баъзе имомҳо, се ракаъатро бо ду ташаҳҳуд мехонад.
Мустаҳаб аст, ки дар ракаъати аввал сураи Аъло ва дар ракаъати дуввум сураи Кофирун ва дар ракаъати саввум Ихлосро бихонад,
ба далели он чӣ аз Убай бин Каъб (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) дар ракаъати аввали витр ( سبح اسم ربك الأعلى ) ва дар дуввум (قل ياأيها الكافرون ) ва дар саввум (قل هو الله أحد) ро мехонд). [Ба ривояти Насойи]
Дар ракаъати охири витр дуо машрӯъ гардида, қабл аз рукӯъ ва ё баъд аз баланд шудан аз рукӯъ, дастони худро баланд карда, дуои ворида дар ин заминаро мехонад, ки аз он ҷумла аст:
- (اللهم انا نستعينك، ونستهديك، ونستغفرك ونتوب إليك ونؤمن بك ونتوكل عليك، ونثني عليك الخير كله، نشكرك ولانكفرك، نخلع ونترك من يفجرك، اللهم إياك نعبد ولك نصلى ونسجد، وإليك نسعى ونحفد، نرجو رحمتك ونخشى عذابك ، إن عذابك بالكفارملحق) الفقه الإسلامي وأدلته: 1/810
- (اللهم اهدني فيمن هديت، وعافني فيمن عافيت، وتولني فيمن توليت، وبارك لي فيما أعطيت، وقني شر ما قضيت، فإِنك تقضي ولا يقضي عليك، إِنه لا يذل من واليت، ولا يعز من عاديت، تباركت ربنا وتعاليت). [Ба ривояти Тирмизӣ]
Масоил
1. Суннат аст, ки баъд аз намози витр бигӯяд: (سبحان الملك القدوس) [Ба ривояти Аҳмад] ,
се бор ва дар бори саввум садои худро баланд намуда дароз кунад ва метавонад: ( رب الملائكة والروح) [Ба ривояти Бухорӣ] ро бо он зиёд кунад.
2. Масҳ кардан рӯй бо дастон баъд аз дуо, на дар витр ва на дар ғайри витр, машрӯъ намебошад, зеро ки аз Набии акрам (с) дар ин маврид ҳадиси саҳеҳе ворид нашудааст.
Қазои витр дар рӯз
Қазои витр дар рӯз машрӯъ аст ва қазояш ҷуфт мебошад, зеро, ки аз Ойша (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) ҳаргоҳ намози шаб аз эшон ба сабаби нохушӣ ва ғайра қазо мешуд, дар рӯз дувоздаҳ ракаъат мехонданд [Ба ривояти Муслим].
Саввум: Намози таровеҳ
Ва таровеҳ: намози шаб дар Рамазон мебошад ва ба таровеҳ номгузорӣ шуд, зеро, ки дар миёни ҳар чаҳор ракаъат ба хотири тули ракаъатҳо, барои роҳат, таваққуф мекарданд.
Фазилати намози таровеҳ
Набии акрам (с) фармуданд: (Касе, ки Рамазонро аз рӯи имон ва ҳисоби аҷр назди Худо ба рӯза ва қиёми шаб сипарӣ кард, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].
2. Барои мард мустаҳаб аст, ҳангоме, ки шабона барои намози шаб бедор мешавад, ҳамсарашро низ барои намози шаб бедор кунад ва агар зан бедор шавад, шавҳарашро низ бедор кунад,
ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Агар мард ҳамсарашро ба намози шаб бедор кунад, пас он ду - ва ё яке онҳо- ду ракаъат намоз бихонад, ҳар ду дар ҷумлаи зокирин ва зокирот навишта мешаванд). [Ба ривояти Абӯдовуд]
3. Касе, ки дар намози шаб, хоб бар вай ғалаба кунад, бояд намозро гузошта бихобад, то ин ки хоб аз вай биравад.
Аз Ойша (р) ривоят аст, Набии Акрам (с) фармуданд: (Агар яке аз шумо дар намоз пинакӣ рафт, бояд бихобад, то ин, ки хоб аз вай биравад). [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]
Ва он намозест, ки дар вақти зуҳо, машрӯъ гардид ва вақти зуҳо аз тулуъи хуршед ва баланд шуданаш ба андозаи як найза мебошад- ин миқдор иртифоъи хуршед дар ҳудуди саввум ҳиссаи як соат мебошад- ки то заволи хуршед, идома дорад.