Ҳаҷ рукне аз аркони панҷгонаи Ислом аст, ки Аллоҳи мутаъол бар бандагонаш фарз гардонидааст.
Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Ва барои Аллоҳ аст бар мардум Ҳаҷҷи хонаи Каъба, бар касоне, ки тавони рафтан ба онро доранд ва касе, ки кофир шуд, Аллоҳ аз ҷаҳониён бениёз мебошад) (Оли Имрон 97).
Ва Набии акрам (с) фармуданд: (Ислом бар панҷ чиз бино шуда: Шаҳодат додани ин ки илоҳе ҷӯз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва Ҳаҷҷи хонаи Каъба ва рӯзаи Рамазон) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Ва низ Набии акрам (с) фармуданд: (Касе, ки ҳаҷ кард, дар он фаҳш нагуфт [Ба фаҳш гуфтан низ итлоқ мешавад] ва маъсияте [Маъсият] муртакиб нашуд, гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад). [Ба ривояти Тирмизӣ]
Шурути ҳаҷ
1. Ислом аст
Пас бар кофир воҷиб нест ва аз ӯ дуруст нест.
2. Ақл аст.
Пас ба девона воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Қалам аз се кас бардошта шуда: Аз хобида то бедор шавад ва аз кӯдак то болиғ гардад ва девона то оқил шавад) [Ба ривояти Абӯдовуд]
3. Болиғ шудан
Пас бар кӯдак воҷиб нест ва агар эҳром ба Ҳаҷ баст, ҳаҷаш дуруст аст, вале аз ҳаҷҷи Ислом, ки фарз аст, кифоят намекунад, балки ҳаҷҷи нафлӣ барояш мебошад,
ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки зане кӯдакеро ба Расули Аллоҳ (с) баланд кард ва гуфт: оё барои ин ҳаҷ аст? фармуданд: (Оре! ва барои ту низ аҷр аст). [Ба ривояти Муслим]
Муҳрим шудани кӯдак барои ҳаҷ ҷоиз аст
4. Озодӣ
Пас барои барда воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳар бардае, ки ҳаҷ кард ва пас аз он озод шуд, бар вай ҳаҷи дигаре лозим аст). [Ба ривояти Муслим]