Оромӣ дар ҳамаи аркони намоз, рукне аз онҳо мебошад, ки бидуни он намоз дуруст намешавад, ба далели он чӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, «ки Расули Аллоҳ (с) дохили масҷид шуданд ва марде вориди масҷид шуда, намоз хонд. Пас аз он омад ва бар Расули Аллоҳ (с) салом дод ва Расули Аллоҳ (с) ҷавоби саломро дод ва гуфт: «баргард намоз бихон, зеро ки ту намоз нахондӣ». Он мард баргашт ва монанди намози қаблӣ, намоз хонд, пас аз он ба назди Набии акрам (с) омад ва салом дод. Расули Аллоҳ (с) гуфт: «ва алайкас-салом», сипас гуфт: «баргард ва намоз бигзор, зеро ту намоз нахондӣ», то ин, ки се бор чунин кард. Он мард гуфт: Ба зоте, ки туро фиристода, ман беҳтар аз инро намедонам, маро омӯзиш бидиҳед, фармуданд: «Ҳар гоҳ ба намоз бархостӣ, такбир бигӯ, пас аз он он чӣ аз Қуръон медонӣ бихон, баъд аз он рукӯъ бикун, то ин, ки дар рукӯъ ором шудӣ, баланд шав, то рост биистӣ, пас аз он ба саҷда бирав, то ин, ки ором саҷда кунӣ, пас аз он сар баланд кун, то ором бинишинӣ. Дар тамоми намозат чунин бикун».[Ба ривояти Бухорӣ]
9. Ҳаракат додани забон
Барои қироъати Қуръон ва такбироту зикрҳо, танҳо хондани қалбӣ кифоят намекунад, балки нутқи онҳо зарур аст ва камтарини он, ҳаракат додани забон ва лабҳо дар ҳангоми қироъат мебошад.
10. Шакли саҷда
Саҷда бар ҳафт устухони бадан мебошад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Ҳар гоҳ банда ба саҷда меравад, бо вай ҳафт узв низ саҷда мекунад, рӯяш ва ду кафҳои дастонаш ва ду зонӯяш ва ду қадами пойҳояш». [ Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]
11. Ишора бо ангӯшт
Дар ташаҳҳуд суннат аст, ки бо ангӯштон ишора шавад, ба далели ҳадиси Воил бин Ҳиҷр (р): «Пас аз он ангӯшти худро баланд кард ва дидам, ки онро ҳаракат медод ва ба он дуо мехонд». [Ба ривояти Насойи]