Ҳукми закоти қарзҳое, ки пардохтанаш бар закотдиҳанда воҷиб мебошад
Агар миқдори қарзҳои шахсе ба андозаи нисоби закоташ бирасад ва ё андаке камтар аз нисоб бошад, бар вай закот воҷиб нест ва агар қарз,
нисобро поён намеоварад, дар ин ҳолат аз сармоя ба миқдори қарз кам мешавад ва аз мутабоқии закоташ ҷудо мегардад.
Мисол: Агар шахсе (10000 доллар) дошт ва миқдори (10000 доллар) мадюн буд, бар вай закот воҷиб нест, зеро ки дайн шомили ҳамаи нисоб мешавад ва ҳамчунин агар (9950 доллар) мадюн буд, зеро ки аз нисоб камтар аст,
бар вай закот воҷиб нест, аммо агар қарз ӯ (4000 доллар) буд, аз сармояи манфӣ, ё тарҳ мегардад, ки боқии (6000 доллар) аст, ки дар он закот воҷиб мебошад.
Ҳукми закоти қарзҳои мустаҳиқаи закотдиҳанда бар дигарон
1. Агар дарёфти қарз мумкин набошад, монанди ин, ки қарздор муфлис буда ва ё мункири қарз бошад, дар ин ҳолат ҳар сол закот бар қарздиҳанда, воҷиб нест,
балки агар онро дарёфт кард, закоти як солашро бипардозад.
2. Агар дарёфти қарз номумкин набошад, монанди ин, ки қарздор нияти пардохтро дошта бошад ва таъхир намекунад, бар қарздиҳанда воҷиб аст, то ҳар сол закоташро бипардозад, зеро ки дар ҳукми мавҷуд дар наздаш мебошад.
Закоти варақҳои қиматдор
Варақи қиматдор
Гувоҳиномаест, ки ба муҷиби он содиркунанда илтизоми худро барои пардохти қимати ёдшуда дар ҳангоми истеҳқоқ бо суди иттифоқ шуда дар ин санад, ба ҳомили он мепардозад.
Ва ин рибои ошкор ва ҳаром аст, зеро ки қарз дар муқобили суд будааст, пас авроқи қиматдор ба ин шакл ҷоиз намебошад, зеро ки қарз бо суди возеҳ ҳамроҳ аст, бар касе, ки ба он муомала дорад, бояд ба Аллоҳ аз ин кораш тавба кунад.
Ҳукми закоти авроқи қиматдор
Закоти авроқи қиматдор, ҳукми закоти қарз ва вомро ба худ мегирад, агар ба нисоб бирасад, закот бар он воҷиб аст ва ҳамчунин аст ҳукми он чӣ ки дар мулкияти соҳибаш буда ва ба он мулҳақ гардида,
чӣ пул бошад ва ё молҳои тиҷоратӣ, ки сол бар онҳо сипарӣ шавад, аз он ҳам рубъи ушр ҷудо мекунад, агар ҷудо кардани авроқи қиматдор мумкин набошад, магар баъд аз як муддати замоне,
дар ин ҳолат закот аз он соқит намешавад, вале замоне, ки солҳои онҳо аз ҳам ҷудо шуд, барои ҳар соли сипарӣ шуда, закоташро пардохт кунад.
Закоти мукофоти поёни кор ва мукофоти бознишастагӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ
Мукофоти поёни кор
Маблағи молии майянест, ки коргар дар поёни кораш, мустаҳиқи он мешавад ва тибқи қавонин ва лоиаҳо, аз корфармо бинобар шароити таъиншуда дарёфт мекунад.
Ҳукуқи бознишастагӣ
Маблағи молии муайянест, ки давлат ва ё бунгоҳҳои ихтисосӣ ба корманд ва ё коргаре, ки шомили қонуни бимаҳои иҷтимоъӣ бошад, мепардозад, агар воҷиди шартҳои матлуб барои истеҳқоқи ҳуқуқи бознишастагӣ буда бошад.
Ҳуқуқи бознишастагӣ
Маблағи молиестя, ки корманд ва ё коргар мустаҳиқи он буда, аз давлат ва ё бунгоҳи ихтисосӣ дар поёни кораш тибқи қавонин ва лоиҳаҳо, дарёфт мекунад, агар воҷиди шартҳои муайяне буда бошад.
Ҳукми он
Бар коргар ва корманд дар мавриди истеҳқоқаш нисбат ба ин муддати кораш, закоте воҷиб нест, зеро моликияте, ки барои вуҷуби закот шарт аст, таҳқиқ наёфтааст,
чунки қодир ба сарфи он ва ё тасарруф ба ҳаққе аз ҳуқуқи мулкиятро дар тамоми муддати кораш бар онон надоштааст.
Чунин истеҳқоқе, замоне мулкияти корманд ва ё коргар бар он итмом меёбад, ки фармоне барои таъйин ва таслими он барояшош содир шавад,
Аввал: Моли ҳароме, ки халале дар шеваи касби онаст, агар дасти касе бошад, ҳаргиз молики он намешавад, ҳар чанд, ки муддати зеёде бар он сипарӣ шавад, бар вай воҷиб аст, ки ба моликаш ва ё ворисаш- агар мешиносад- баргардонад,
агар аз шиносоии ӯ маъюс шуд, воҷиб онаст, ки дар умури хайрия ба манзури раҳои аз он, харҷ кунад ва қасдаш садақа ба соҳибаш бошад.
Дуввум: Агар молеро ба унвони уҷра дар кори ҳаром дарёфт кард, бояд онро дар умури хайрия масраф кунад ва барои касоне, ки аз вай гирифта,